Паёми тветтирии Зариф пас аз ширкат дар маҷмаъи “Дипломатияи Анталия”
Вазири хориҷаи Эрон дар тветте бо ишора ба суханони худ ин нишаст навишт: Ин Иёлоти Муттаҳида буда, ки хилофи Барҷом рафтор кард ва ҳоло ҳам бар уҳдаи Иёлоти Муттаҳида аст, ки онро дуруст кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф навишт: Дар маҷмаъи “Дипломатияи Анталия” бар зарурати инки дар дипломатия баҳси эътимод нест, балки баҳси эҳтиром ба манофеъи ҳамтоён аст, таъкӣд кардам .
Вай афзуд: Дар маҷмаъи “Дипломатияи Анталия” гуфтам, ки хориҷиҳо дер ё зуд минтақаи моро тарк мекунанд, бояд худамон онро ба даст бигирем.
Вазири хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Дар ин маҷмаъ таъкид кардам, ки ин Иёлоти Муттаҳида буд, ки зер Барҷом зад ва ҳоло ҳам бар уҳдаи Иёлоти Муттаҳида аст, ки бояд онро дуруст кунад.