Июл 07, 2021 14:19 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайъати сиёсии Толибон ба Эрон

Сухангуи Толибон аз сафари ҳайъати сиёсии ин гурӯҳ ба сарпарастии Шермуҳаммади Аббоси Станекзай ба Теҳрон сафар кардааст.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид имрӯз чаҳоршанбе гуфт, ҳайъати сиёсии Толибон дар муддати ҳузур дар Теҳрон дидорҳое бо мақомоти ҷумҳурии исломии Эрон дар хусуси раванди сулҳи Афғонистон ва масоили минтақаӣ ва густариши равобити дуҷониба табодули назар хоҳад кард.

Эрону Афғонистон робитаи хубу наздике бо якдигар доранд ва давлати Эрон борҳо эълом карда, ки омодаи ҳамкорӣ дар раванди сулҳи Афғонистон аст.

 

 

Барчасп