Муваффақияти музокироти байнулафғонӣ дар Теҳрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i70186
Мудири кулли умӯри Осиёи ҷанӯбии Вазорати умӯри хориҷаи Эрон навишт : Нишасти байнулафғонӣ дар Теҳрон нишасти муваффақе буд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 08, 2021 19:28 Asia/Dushanbe
  • Муваффақияти музокироти байнулафғонӣ дар Теҳрон

Мудири кулли умӯри Осиёи ҷанӯбии Вазорати умӯри хориҷаи Эрон навишт : Нишасти байнулафғонӣ дар Теҳрон нишасти муваффақе буд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Сайидрасули Мусавӣ-мудири кулли умӯри Осиёи ҷанӯбии Вазорати умӯри хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер  бо ишора ба баргузирии   нишасти байнулафғонӣ дар Теҳрон навишт : Ин нишаст муваффақ буд ва санади ин муваффақият эъломияи нишаст аст .
Мӯсавӣ афзуд : Ду тараф ба шиддат ҳамла ба марокизи омӯзишӣ, марокизи дармонӣ ва таъсисоти умумиро маҳкум карданд ва нишасти Теҳронро фурсати наве барои тақвияти роҳи ҳали сиёсии Афғонистон донистанд .
Аввалин даври гуфтугӯҳои байнулафғонӣ дар Теҳрон имрӯз бо суханронии Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Эрон, руасойаи ҳайатҳои тарафайни ҷумҳӯрияту Толибон ва судӯри як эъломияи 6 моддаӣ поён ёфт .



Бештар бихонед :

  • Қадрдонӣ шудани Эрон барои мизбонӣ аз муҳоҷирони афғон