Паёми таслияти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар пайи даргузашти дабири кулли Ҷабҳаи халқ барои озодии Фаластин
Раҳбари муъаззами Инқилоби дар паёме даргузашти дабири кулли Ҷабҳаи халқи Фаластинро таслият гуфтанд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии дафтари мақоми муъаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ, дар ин паём даргузашти муборизи хастагинопазир Аҳмад Ҷаброилро ба миллати Фаластин ва ҳамаи муҷоҳидону фаъолони арсаи пуршӯри муборизоти Фаластин ва ҳамаи афроди муқовимат дар минтақаи ғарби Осиё ва ба бозмондагони дабири кулли Ҷабҳаи халқ барои озодии Фаластин таслият гуфтанд.
Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ, таъкид карданд, ин марди шуҷоъи пурталош, умри худро ба мубориза барои майҳани мағсуб ва миллати мазлӯми худ гузаронаданд, аз Худованд барои ӯ подоше зиёд металабам ва раҳмату мағфирати илоҳиро барои ӯ масалат мекунам.
Бештар бихонед:
- Раҳбари муъаззами инқилоб: Мавзӯи Фаластин қатъан ба нафъи мардуми Фластин тамом хоҳад шуд
- Қадрдонии сафири Фаластин дар Теҳрон аз рӯйкарди Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ нисбат ба Фаластин