Июл 10, 2021 17:34 Asia/Dushanbe

Бомдоди имрӯз садои инфиҷоре дар шимоли Теҳрон шунида шуд, ки билофосила нерӯҳои имдодӣ ва интизомӣ дар маҳали ҳодиса дар “Парки миллат” ҳозир шуданд.

Ҷонишини фармондеҳи интизомии Теҳрони бузург, дар бораи ҷузъиёти инфиҷоре, ки бомдоди имрӯз (шанбе) дар Парки миллати Теҳрон рух дод, гуфт, ин ҳодиса мавзӯи хосе набуда ва фақат дар як лаҳза садои инфиҷоре шунида, шудааст ва филмҳои мунташир шуда дар фазои маҷозӣ воқеият надорад. Сардор Ҳамиди Ҳадованд бо баёни инки бар асари ин ҳодиса ҳеч сохтумоне тахриб ё дучори ҳариқ нашудааст, гуфт, иллати вуқуъи ин ҳодиса дар дасти баррасӣ аст ва ба маҳзи дарёфти чароии ин инфиҷор, ҷузъиёти ҳодиса ба иттилои умум хоҳад расид.

 

Барчасп