Паёми таслияти намояндаи раҳбари муаззами инқилоб дар Ироқ дар бораи ҳодисаи бемористони Ал Ҳусейн (а)
(last modified 2021-07-14T09:05:57+00:00 )
Июл 14, 2021 14:05 Asia/Dushanbe
  • Омори куштаҳои оташсӯзӣ ба 124 тан расидааст
    Омори куштаҳои оташсӯзӣ ба 124 тан расидааст

Намояндаи раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар Ироқ дар паёме даргузашти даҳҳо тан аз беморон дар оташсӯзии бемористони имом Ҳусейн (а)-ро ба миллати Ироқ ва бозмондагони қурбониён таслият гуфт.

Ба гузориши ИРНА, ҳуҷҷатулислом Саидмуҷтабо Ҳусайнӣ, намояндаи раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ дар Ироқ дар ин паём бо миллати Ироқ ва бавижа хонаводаи қурбониён, ибрози ҳамдардӣ кард.

Ҳуҷҷатулислом Саидмуҷтабо Ҳусайнӣ дар ин паём ба муҷоҳидатҳои мардуми ал Носирия дар поксозии хоки ин кишвар аз ДИИШ-иҳо ва низ таърихи муборизоти онҳо алайҳи ҳизби Баъс ишора кард.

Бар асоси охирин баровардҳо, манобеи бемористонии устони Зиқори Ироқ эълом карданд, омори куштаҳои оташсӯзии шаби гузашта дар бемористони Ал Ҳусейн (а)-и шаҳри ал Носирия дар бахши корона ба 124 тан расидааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп