Паёми тасаллияти Раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон ба давлату миллати Ироқ
-
Паёми тасаллияти Раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон ба давлату миллати Ироқ
Раиси ҷумҳурии мкнтахаби Ҷумҳурии Исломии Эрон даргузашти теъдоде аз шаҳрвандони ироқӣ дар сӯхтори бемористони Имом Ҳусейн (а) дар шаҳри "Носирия"-и ин кишварро тасаллият гуфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳуҷҷатул ислом вал муслимин Раисӣ дар ин паём бо ибрози таассуфи амиқ аз ҳодисаи оташсӯзӣ дар бемористони Имоми Ҳусейн ( а ), бо давлату миллати Ироқ ва хонаводаи ҷонбохтагони ин ҳодиса ибрози ҳамдардӣ кард.
Пеш аз ин низ шуморе аз мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумла Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон "Ҳасани Рӯҳонӣ " бо судури паёмҳои ҷудогонае бо давлату мардуми Ироқ бавижа хонаводаи қурбониёни ин ҳодисаи дилхарош ибрози ҳамдардӣ карда буданд.
Шаби душанбе бахши беморони коронаии бемористони Имом Ҳусейн (а ) дар шаҳри "Носирия " устони " Зӣ Қор " -и Ироқ, дучори сӯхтор шуд.
Дар ин оташсӯзӣ дастиками 124 бемори ироқӣ ҷони худро аз даст доданд.
Гуфта мешавад инфиҷори капсули кислород омили оташсӯзӣ дар дохили маркази нигаҳдории мубталоён ба корона дар бемористони Имом Ҳусейн ( а ) будааст.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Хатибзода рӯзи сешанбе зимни эъломи маротиби таслияти давлату миллати Эрон ба давлату мардуми Ироқ, омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ироаи ҳар гуна мусоидати дармонӣ ва пизишкиро эълом кард.