Аҳаммияти бандари Чобаҳори Эрон аз нигоҳи давлати Ҳинд
(last modified Mon, 19 Jul 2021 04:32:54 GMT )
Июл 19, 2021 09:32 Asia/Dushanbe
  • Бандари Чобаҳори Эрон дастрасии амн, қобили эътимод ва бидуни маҳдӯдият ба дарёро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ фароҳам мекунад
    Бандари Чобаҳори Эрон дастрасии амн, қобили эътимод ва бидуни маҳдӯдият ба дарёро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ фароҳам мекунад

Дар шароите, ки ҳузури пурранги Ҳинд дар бандари Чобаҳор бар аҳаммияти танҳо бандари уқёнусии Эрон афзудааст, нишасте бо унвони "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ - пайвастагии минтақаӣ, фурсатҳо ва чолишҳо" дар Тошканд, пойтахти Узбекистон баргузор шуд.

Дар нишасти "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ - пайвастагии минтақаӣ, фурсатҳо ва чолишҳо" дар Тошканд, Субраманям Ҷайшанкар, вазири умури хориҷаи Ҳинд дар суханоне бо ишора ба ҷойгоҳи Эрон дар минтақа, бандари Чобаҳори Эронро маркази муҳими ҳамлу нақли минтақаӣ, муаррифӣ кард. Вазири умури хориҷаи Ҳинд ҳамчунин гуфт, бандари Чобаҳор, маркази муҳими ҳамлу нақли минтақаӣ барои муровидоти Ҳинд бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ва Афғонистон ва билъакс аст.

Вай ҳамчунин тасреҳ кард, бандари Чобаҳори Эрон дастрасии амн, қобили эътимод ва бидуни маҳдӯдият ба дарёро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ фароҳам мекунад ва нақши муассири он дар ҳоли ҳозир ба вузӯҳ собит шудааст.

Бандари Чобаҳор аз банодири муҳими Эрон дар ҳошияи дарёи Уммон ва Уқёнуси Ҳинд аст, ки мақомҳои Деҳлии Нав аз панҷ соли пеш бо имзои тавофуқномаҳои дуҷониба ва чандҷониба бо Теҳрон, ҷойгоҳи муҳимме дар ин бандари муҳим пайдо кардаанд. Дар ҳақиқат, бандари Чобаҳор як бандар роҳбурдӣ аст, ки дипломатияи тиҷорати дарёии Ҳинд бо савоҳили ғарбии ин кишвар ва ҳамчунин Эрону Афғонистонро муяссар месозад. Дар ин росто, баргузории нишастҳои ду, се ва чандҷониба миёни Эрону Ҳинд бо дигар кишварҳои минтақа аз соли 2016 заминаҳои тавсеъаи якпорчаи зерсохтҳои иртиботӣ, аз ҷумла шабакаҳои роҳӣ ва роҳи оҳану тавсеъаи бандари Чобаҳорро беш аз пеш фароҳам ва тақвият карда ва дастрасӣ ва идғоми бозорҳои минтақаиро тасҳил кардааст. Ба ҳар ҳол, бояд гуфт, гомҳои амалии Ҳинд барои ҳузур дар танҳо бандари уқёнусии Эрон аз соли 2016 оғоз шудааст. Ин иқдоми Деҳлии Нав ба ташкили " Гурӯҳи чаҳорҷонибаи шомил"-и Эрон, Ҳинд, Афғонистон ва Узбекистон" бо ҳадафи истифодаи муштарак аз ин бандар мунҷар шуд.

Дар иртибот бо аҳаммияти бандари Чобаҳори Эрон, коршиносони кишварҳои минтақа дидгоҳҳои мутанаввие матраҳ кардаанд. Ба унвони мисол, хонум Шуҳра Пулоб, коршиноси тоҷик дар мақолае тасреҳ кардааст: "минтақаи озоди Чобаҳор бо илҳоқи бандари чобаҳор ба масоҳати 80 ҳазор ҳектор ва бо доро будани банодири шаҳид Биҳиштӣ ва шаҳид Калонтарӣ ҳамроҳ бо марзҳои ҳавоӣ, заминӣ ва дарёии ихтисосӣ дар савоҳили дарёи Уммон бо иттисол ба Уқёнуси Ҳинд калидитарин мавқеъият дар масири каридори байналмилалии шимол - ҷануб қаламдод мешавад".

Бадеҳист, ки ҳузури ҷиддӣ ва пурранги Ҳинд ва тавваҷуҳи хоси мақомҳои Деҳлии Нав ба тавсеъаи бандари Чобаҳор, дастрасии осонтари ин кишвар ба бозорҳои масраф дар Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Афғонистон ва ҳамчунин тасҳили муровидоти тиҷорӣ ва беҳбуди иқтисоди ин кишварҳоро фароҳам мекунад.

Бандари Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон воқеъ шудааст ва танҳо бандари уқёнусии Эрон маҳсуб мешавад, ки дар ҳошияи дарёи Уммон ва Уқёнуси Ҳинд қарор дорад. Ин бандари муҳим ва стратегӣ ба сабаби мавқеъияти роҳбурдӣ, наздиктарин роҳи дастрасии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ назири Афғонистон, Туркманистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ба обҳои озод ва билъаксро фароҳам мекунад. Ба ҳамин далел, бандари Чобаҳор на танҳо барои Эрону Ҳинд, балки барои тамомии кишварҳои воқеъ дар тули ин масири муҳим аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст.

Дар як ҷамъбандии куллӣ, бо тавваҷуҳ ба фосилаи ҷуғрофиёии дури Ҳинд аз минтақаи Осиёи Марказӣ, бояд гуфт, роҳҳои иртиботии арзон, бо сарфа ва амн як масъалаи муҳим дар тиҷорати Ҳинд бо дигар кишварҳои минтақа аст. Бандари Чобаҳор ҳазинаҳои ҳамлу нақл ва замон барои содироти колоҳои Ҳинд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро то як сеюм коҳиш медиҳад. Ин бандар ҳамчунин тиҷорат миёни Ҳинд бо Эрону Афғонистонро бо тавваҷуҳ ба мухолифатҳои Покистон барои истифода аз хоки ин кишвар, афзоиш хоҳад дод.

 

Бештар бихонед: