Футболи соҳилӣ, Эрон Амрикоро 6 тоӣ кард
Ноябр 02, 2016 11:45 Asia/Dushanbe
Миллипушони футболи соҳилии Эрон дар рӯзи нахуст аз рақобатҳои ҷоми байни қорраии ҷаҳонӣ тими миллии Амрикоро дар ҳам кубид.
Ба гузориши радиои тоҷикӣ, дидори тимҳои миллии футболи соҳилии Эрон ва Амрико дар рӯзи нахусти рақобатҳои ҷоми байни қорраии ҷаҳони рӯзи гузашта бо пирӯзии пургули миллипушони эронӣ ба поён расид.
Дар ин дидор тими миллии Эрон муваффақ шуд, 6 бар 2 тими Амрикоро шикаст диҳад.
Миллипушони Эрон, ки ҷузъи муддаиёни аслии касби мақоми қаҳрамонӣ башумор мераванд, фардо бояд дар дидори баъдии худ ба масофи тими миллии Миср бираванд.