Рӯҳонӣ: Ифтитоҳи хатти лӯлаи Гор-Ҷаск ба тавтеагарон посухи шадид дод
Раиси Ҷумҳурии Исломии эрон тарҳи хатти лӯлаи интиқоли нафти Гор-Ҷаскро аз ифтихороти саноати Эрон унвон карду гуфт: Ин ифтитоҳ посухи қавӣ ва шадиде ба ҳамаи тавтеагарон бавижа Амрико дод.
Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи панҷшанбе дар ҳаштоду сеюмин барномаи ифтитоҳи тарҳҳои миллӣ бо унвони ҷаҳиши тавлид бо баҳрабардорӣ аз тарҳҳои марбут ба Вазорати нафт дар 3 устони Бушеҳр, Ҳурмуз ва Форс имрӯзро рӯзи торихии бисёр бузурге барои миллати Эрон унвон кард ки ҳар чӣ замон мегузарад ، аҳамияти ин масъала барои мардум равшантар мешавад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Барои ҷаҳон равшан аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон чӣ иқдоми бисёр муҳими миллӣ анҷом додааст. Шояд пружае бо ин азамат барои содироти нафт, бо ин ҳадаф, ки поёнаи содиротии ҷадиде на дар халиҷи Форс, балки дар дарёи Уммон дошта бошем бисёр ҳоизи аҳамият аст.
Рӯҳонӣ идома дод: Ин ифтитоҳ, посухи қавӣ ва шадиде ба ҳамаи тавтеагарон, бавижа Амрико дод. Нафт аз ҷумлаи таҳримҳои муҳимми амрикоиҳо буд, ки албатта таҳримҳои дигаре ҳам доштанд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Давлати Амрико дар ду замина бо мо вориди ҷанг шуд, ки яке дар заминаи нафту содироти нафт буд ва дигаре ҳам таъмини колоҳо. Ҳар ду бисёр таъсиргузор буд ва рӯи он ҳисоб карда буданд. Шарёни ҳамлу интиқоли нафтро бастанд то ҷилави саноати нафтро бигиранд ва содиротро ба қавли худ ба сифр бирасонанд то ба қавли худашон дигар барои Эрон ин имкон вуҷуд надошта бошад то барои таъмини ниёзмандиҳояш арз дошта бошад дарҳоле, ки 6 миллион доллар арз барои дору таъмин кардем.
Рӯҳонӣ гуфт: Агар кишвар арз надошта бошад чӣ гуна метавонад колои мавриди ниёзи худро барои таъмину ниҳодаҳои кишоварзӣ ва ақломи беҳдоштӣ ворид кунад.