Талоши Арманистон барои густариши робита бо Эрон
Дар идомаи сиёсатҳои давлати Ереван, дар хусуси тақвияти ҳар чӣ бештари робитаи Арманистон бо Эрон, мақомҳои арманӣ эълом кардаанд, ки қасд доранд тамоми тӯли роҳи марзӣ бо Эронро бозсозӣ ва таъмир кунанд.
Дар ин иртибот, Сурен Папикиён, сарпарасти вазири мудирияти минтақаӣ ва зерсохтҳои Арманистон эълом кард: Дар буҷети соли 2021 мелодӣ, давлати Арманистон 18. 3 миллион доллар барои бозсозии 50. 7 километр аз роҳҳои ҳаммарз бо Эрон ихтисос додааст.
Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда дар ин замина, ҷодаҳои Ереван - Яросух – Грейс ва ҷодаи Ереван - Севан – Идҷаван аз ҷумлаи ҷодаҳои дар дасти тармиму бозсозӣ аз сӯйи давлати Ереван қарор доранд.
Иқдоми Арманистон ба манзури тармиму бозсозии ҷодаҳои ҳаммарз бо Эрон дар шароите аст, ки мақомҳои давлати Ереван талоши дубаробар ба манзури густаришу афзоиши ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ бо Эронро дар дастури кор қарор додаанд. Эрону Арманистон марзи муштараки заминӣ доранд. Бо вуҷуди ин, равобити ду кишвари ҳамсоя ба шиддат таҳти таъсири Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қарор доштааст. Дар воқеъ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар пешбурди аҳдофи иқтисодии ду кишвари ҳамсоя нақши муҳиму арзишманде ифо мекунад.
Бо тавваҷуҳ ба ин ки Арманистон танҳо узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст, ки бо Эрон марзи муштараки заминӣ дорад. Бидуни шак, таҳкими равобити Теҳрон - Ереван на танҳо дар ростои манофеи миллии ду кишвар хоҳад буд, балки метавонад заминаҳои таҳаққуқи хостаҳои мақомҳои ду кишвари ҳамсояро низ амалӣ созад. Дар айни ҳол бояд гуфт: Арманистон метавонад ба унвони пули иртиботӣ миёни Эрон бо минтақаи АвруОсиё ифои нақш кунад. Дар муқобил, Эрон низ метавонад бо Арманистон ба манзури дастёбӣ ба ҷодаи стратегии Шимол – Ҷануб ва обҳои гарми байналмилалӣ мусоидат кунад. Дар иртибот бо аҳамияти нақши мутақобили Эрону Арманистон, дидгоҳҳои мухталифе матраҳ шудааст.
Ба унвони мисол, Минасян, муовини Институти Қафқози Арманистон ва коршиносони барҷастаи арманӣ дар ин замина муътақид аст: Бо тавваҷуҳ ба нақши Теҳрон дар сиёсати минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва мавозеи Теҳрон дар ҷаҳони Ислом, равобит бо Ҷумҳурии исломии Эрон барои Арманистон ҳамеша арзиши хосе доштааст. Ба вижа, ки Эрон қудрати бузурги минтақаӣ аст, ки дар таҳаввулоти сиёсӣ нақши таъсиргузоре дорад ва талошҳои Теҳрон барои таъмини сулҳу суботи минтақаӣ мусбат ва арзишманд аст.
Равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Теҳрону Ереван пас аз истиқлоли Арманистон дар соли 1991 мелодӣ, ба тадриҷ дар як масири суъудӣ қарор гирифт. Дар ин миён, набояд муноқишаи ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистонро нодида гирифт, ки бар равобити ду кишвари ҳамсоя таъсироти манфӣ бар ҷой гузоштааст. Бо вуҷуди заминаҳои зиёди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни Теҳрон ва Ереван, ба далели муноқишаи Қарабоғ арзиши мубодилоти тиҷорӣ рушди чандоне надошт. Бо вуҷуди ин, аз соли 2018 мелодӣ бо сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Арманистон, ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар аз раванди суъудӣ бархурдор шудааст.
Дар соли 2018 арзиши содироти Арманистон ба Эрон ба беш аз 94. 2 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо соли 2017 мелодӣ аз афзоиши наздик ба 12 дарсад бархурдор буд, содироти Эрон ба Арманистон низ ба 269. 4 миллион доллар дар соли 2018 мелодӣ зиёд шуд, ки ин рақам нишондиҳандаи 54. 2 дарсад афзоиш дар муқоиса бо соли 2017 мелодӣ буд. Бар асоси охирин оморҳои расмии мунташиршуда тавассути Вазорати рушди иқтисодӣ ва сармоягузории Арманистон, то рӯзи аввали моҳи январи соли 2019 мелодӣ, дар маҷмуъ 5301 ширкати корофарини эронӣ дар Арманистон фаъолият доштаанд. Ин теъдод ба маънои сабти 36. 6 дарсад аз кулли ширкатҳои сабтшуда дар Арманистон аст. Ширкатҳои аслӣ бо сармояҳои эронӣ бештар дар бахшҳои фанноварии иттилоот, саноат, сохтусоз ва иҷрои тарҳҳои зербиноӣ ва сохтмонӣ, амлок, бозаргонӣ ва тиҷорӣ, кишоварзӣ, умури гардишгарӣ ва ҳамлунақл фаъол будаанд.
Дар маҷмуъ бояд гуфт, бо имзои тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ, Эрон ва Арманистон фурсатҳои ҷадиде ба манзури тақвият ҳарчӣ бештар ҳамкориҳои мутақобил дар бахшҳои сармоягузорӣ ва тиҷорати мутақобил бархӯрдор шудаанд. Сафарҳои мутақобили мақомҳои Теҳрон ва Ереван бистарсозӣ ба манзури тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, ба вижа тавассути давлати Арманистон нишондиҳандаи азми ҷиддии мақомҳои Ереван барои тақвияти тиҷорати мутақобил бо Эрон аст.
Бештар бихонед:
- Арманистон Эронро ҷойгузини Туркия мекунад
- Пашинян: Тавофуқи Қарабоғ равобити Арманистонро бо Эрон тақвият мекунад