Генерал Саломӣ: Озмӯни ваксинаи коронаи “Нора” муваффақиятомез буд
Фармондеҳи кули Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт, марҳалаи аввали озмӯни инсонӣ ва болинии вакисани “Нора” бо муваффақият пушти сар гузошта шуд.
Генерал Ҳусайни Саломӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории Садо ва симо дар бораи фаъолиятҳои сипоҳ дар бораи корона афзуд, аз ҳамон ибтидои шуюи бемории корона мо вурӯд кардем ҳам сипоҳ ва ҳам басиҷ бо тамоми зарфият ва истеъдод ва бемористонҳои собит ва саҳроӣ ворид шуданд.
Вай афзуд, ягонҳое ҳам барои зиддиуфунӣ кардани маъобир ба кор гирифта шуданд ва ҳамаи гурӯҳҳои ҷиҳодии басиҷ ва пойгоҳҳои басиҷ вориди амал шуданд ва дар тарҳи шаҳид Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ ва ғарболгарии хона ба хона низ вурӯд карданд.
Генерал Саломӣ гуфт, акнӯн ҳам зарфиятҳои нерӯи заминӣ фаъол аст ва ҳам сипоҳҳои устонии мо дар қолаби воҳидҳои басиҷ фаъол ҳастанд, ки то интиҳои ин моҷаро ба ёрии Худо меистем.
Вай афзуд, ваксинаи “Нора” низ яке аз муҳимтарин падидаҳо ва дастовардҳои мост ва марҳалаи озмӯни инсонӣ ва болинии ваксина бо муваффақият пушти сар гузошта шуд ва акнӯн дӯстон барои иҷрои марҳалаи дувуми ин кор омода шуданд то ба марҳалаи тавлид бирасад ва мо дар хизмати ҳамаи мардум ҳастем.
Бештар бихонед: