Баррасии салоҳият ва барномаҳои вазирони пешниҳодии давлати сездаҳуми Эрон; фардо
(last modified Fri, 20 Aug 2021 11:15:23 GMT )
Август 20, 2021 16:15 Asia/Dushanbe
  • Баррасии салоҳият ва барномаҳои вазирони пешниҳодии давлати сездаҳуми Эрон; фардо

Баррасии салоҳият ва барномаҳои вазирони пешниҳодии давлати сездаҳуми Эрон фардо (шанбе) дар Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон оғоз мешавад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, пас аз баррасии чаҳоррӯзаи барномаҳои 19 вазири пешниҳодии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар камиссиюнҳо, фраксиюнҳо ва маҷомеи устонии маҷлис, ки дар қолаби беш за 300 нишаст бо вазирони пешниҳодӣ сурат гирифт, аз фардо (шанбе) саҳни бози Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон шоҳиди баррасии салоҳияту барномаҳои вазирони пешниҳодӣ дар ду навбати субҳу баъд аз зуҳр хоҳад буд.

Бар асоси ойинномаи дохилии Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, дар замони баррасии барномаҳову салоҳияти вазирони пешниҳодӣ, ибтидо раиси ҷумҳур ба муддати дувуним соат фурсат хоҳад дошт, ки дар сурати зарурат дар саҳни бози маҷлис ҳузур ёфта ва ба дифоъ аз барномаҳои давлат ва ҳамчунин муаррифии вазирони пешниҳодӣ ва барномаҳои онҳо бипардозад.

 

Бештар бихонед: