Раиси маҷлиси Эрон: Маросими таҳлиф, рӯйдоди мондагор дар арсаи дохилӣ ва хориҷӣ аст
(last modified 2024-07-28T05:23:36+00:00 )
Июл 28, 2024 10:23 Asia/Dushanbe
  • Раиси маҷлиси Эрон: Маросими таҳлиф, рӯйдоди мондагор дар арсаи дохилӣ ва хориҷӣ аст

Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон маросими таҳлиф(савгандёд)ро рӯйдоди мондагор ва асаргузори Ҷумҳурии исломӣ дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ унвон кард.

Тибқи асли 121 Қонуни асосии Эрон, раиси ҷумҳур дар Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар ҷалсае, ки бо ҳузури раиси қувваи қазоия ва аъзои Шӯрои нигаҳбон ташкил мешавад, савганд ёд карда ва савганднома имзо мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммадбоқири Қолибоф-раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар ҷаласаи "Ситоди таҳлифи маҷлис" бар талоши ҳамаи бахшҳои Маҷлиси шӯрои исломӣ барои баргузории ин рӯйдоди миллӣ дар сатҳи олӣ таъкид кард.

 Қолибоф бо баёни инки маросими таҳлиф аз муҳиммтарин рӯйдодҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, афзуд, Маҷлиси шӯрои исломӣ, ки мизбони ин маросим аст, нигоҳи миллӣ ва байналмилалӣ ба ин рӯйдоди муҳимм дорад ва дар ҳар давра талош кардааст ин маросим дар беҳтарин ва олитарин шакл баргузор шавад.

Маросими таҳлифи чаҳордаҳумин давраи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон, асри сешанбе сиюми июл баргузор мешавад.

 Бино бар эъломи сухангӯи ҳайати раисаи Маҷлиси шӯрои исломӣ дар маросими таҳлифи раисҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон беш аз сесад меҳмони хориҷӣ ҳузур хоҳанд дошт.

 

Барчасп