Оғози қудратмандонаи волейболи нишастаи Эрон дар Паралимпиадаи Токио
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i72746-Оғози_қудратмандонаи_волейболи_нишастаи_Эрон_дар_Паралимпиадаи_Токио
Тими волейболи нишастаи Эрон дар нахустин дидори худ дар чорчӯби бозиҳои Паралимпиадаи Токио муқобили Олмон ба бартарӣ расид.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Август 28, 2021 08:45 Asia/Dushanbe
  • Оғози қудратмандонаи волейболи нишастаи Эрон дар Паралимпиадаи Токио

Тими волейболи нишастаи Эрон дар нахустин дидори худ дар чорчӯби бозиҳои Паралимпиадаи Токио муқобили Олмон ба бартарӣ расид.

Тими Эрон дар ин дидор дар се қисмати паёпай ва бо натоиҷи 23 - 25, 16 - 25, 17 - 25 муқобили ҳарифи худ ба бартарӣ расид.

Тими Эрон рӯзи душанбе дар гурӯҳи “A” бо Бразилия дидор мекунад.

Чин ва Бразилия дигар тимҳои ҳозир дар ин гурӯҳ ҳастанд.

Гурӯҳи “B” низ аз тимҳои Ҷопон, Босния, Кумитаи миллии Паралимпиадаи Русия ва Миср ташкил шудааст.

Тими волейболи нишастаи Эрон бо ҳидояти Ҳодии Ризоӣ ба дунболи касби ҳафтумин медоли тиллоии паралимпиада аст.

Эрон дар паралимпиадаҳои 1988,1992,1996,2000, 2008, ва 2016 ба унвони қаҳрамонӣ расид.

Бештар бихонед: