Таъкиди раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бар иртиқои сатҳи равобит бо кишварҳои Амрикои Лотин
(last modified 2021-09-01T05:54:07+00:00 )
Сентябр 01, 2021 10:54 Asia/Dushanbe
  • Рӯйкарди сиёсати хориҷии Эрон, иртиқои сатҳи равобит бо кишварҳои Амрикои Лотин ва ҳавзаи Кариб аст
    Рӯйкарди сиёсати хориҷии Эрон, иртиқои сатҳи равобит бо кишварҳои Амрикои Лотин ва ҳавзаи Кариб аст

"Рӯйкарди сиёсати хориҷии давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон, иртиқои сатҳи равобит бо кишварҳои Амрикои Лотин ҳавзаи Кариб аз ҷумла Никарагуа аст."

Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, сешанбешаб дар тамоси телефонии Даниэл Ортега, раисиҷумҳури Никарагуа бо баёни ин мавзӯ тасреҳ кард, иштироки назари ду миллати Эрону Никарагуа дар муқобила бо зиёдахоҳиҳои Амрико сармояи арзишманде барои таомулу ҳамгароӣ дар арсаи байналмилалӣ ба манзури дифо аз ҳокимияти миллии кишварҳо ва миллатҳои мустақил аст.

Раиси ҷумҳури Никарагуа низ дар ин тамоси телефонӣ бо баёни ин ки Никарагуа масири тақвияту тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эронро бо қудрат идома хоҳад дод, изҳор дошт, имрӯз, Амрико ошкоро кишварҳои Амрикои Лотинро ҳадафи ҳаҷмаҳои мухталифи худ қарор додааст, онҳо иттиҳоде, ки моро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон пайванд дода мавриди ҳадаф қарор доданд, лизо дар ин шароит ҳифзи иттиҳоду тақвияти рӯзафзӯни ҳамбастагии ду миллат бисёр аҳаммият дорад.

Эрон ва Никарагуа ду инқилоби мухталиф, аммо ҳамзамон дар соли 1979-ро шоҳид будаанд. Ҳамзамонии ин падидаҳои таърихӣ, мӯҷиби эҷоди ҳиси ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ ва ҳувияти мутақобил ва эҳсосе муштарак дар дифо аз усӯл ва арзишҳои инқилобӣ дар арсаи байналмилалӣ шудааст.

Дар воқеъ истодагӣ дар муқобили сиёсатҳои зӯргӯёнаи Амрико, инқилобҳои Эрону Никарагуаро аз як ҳувияту ҳадафи арзишии муштарак бархӯрдор кардааст.

Аз ин дидгоҳ, таъкиди раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бар зарурати ҳамкории наздик байни ду кишвар дар маҷомеъи байналмилалӣ, барои хунсосозии таҳримҳои Амрико ва ҳазинаманд кардани иқдомоти режими Амрико алайҳи кишварҳо ва миллатҳои мустақил бавижа Эрон ва Никарагуа, аз аҳамияти роҳбурдӣ дар равобити ду кишвар бархӯрдор аст.

Бо тавваҷуҳ ба ин муаллафаҳо метавон равобити Эрон бо кишварҳои минтақаи Амрикои Лотинро, ки барои солиёни мутамодӣ ҳаёти хилвати Амрико маҳсӯб мешуд, равобите таъсиргузор ва бо нигоҳ ба оянда арзёбӣ кард. Дар воқеъ, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои пешбурд ва таҳаққуқи аҳдофу мабонии калони сиёсати хориҷии худ мусаммам ба таҳкиму таъмиқи равобит бавижа бо кишварҳое аст, ки аз пешинаи муборизоте бо низоми султаҷаҳонӣ бархӯрдоранд. Никарагуа аз ҷумлаи ин кишварҳо маҳсӯб мешавад, ки дар минтақаи Амрикои Лотин аз ҳузури бисёр пуррангу таъсиргузор бархӯрдор аст. Ҳифзу тақвияти ин равобит тамоюле ду сӯя аст.

Denis Moncada, вазири умури хориҷаи Никарагуа дар сафари ахири худ ба Теҳрон, ки ба манзури ширкат дар маросими таҳлифи раиси ҷумҳури Эрон анҷом шуд, дар ҳамин хусӯс тасреҳ кард, Никарагуа масири таҳаққуқи аҳдофи инқилоби худро идома медиҳад ва бо кумаки кишварҳои дӯст мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон аз аҳдофу ормонҳои муштараки кишварҳои инқилобӣ бовижа истикборситезӣ сиёнат мекунад.

Дар ин росто, яке аз абъоди муҳими равобити Эрон бо кишварҳои Амрикои Лотин тавсеаи муносиботи иқтисодӣ, тиҷорӣ ва бозаргонӣ аст. Дар ин замина, Эрон бо барқарории равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ бо чаҳор кишвари Кубо, Боливия, Венесуэла ва Никарагуа тайи солҳои ахир равобити худро дар ин минтақа густариш додааст. Ин минтақа дарбар гирандаи имконоти васиъе дар заминаи манобеи табиӣ ва зарфиятҳои билқувваи иқтисодӣ аст ва қоблиятҳои иқтисодӣ – сиёсиаш барои бештари кишварҳои ҷаҳон аз аҳамияти зиёде бархӯрдор бдааст.

Ҳамон гуна, ки раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон хотирнишон кард, равобити Эрону Никарагуа рӯ ба пешрафт аст, аммо сатҳи феълии равобит кофӣ нест ва бояд барои истифода аз зарфиятҳои ду кишвар, гомҳои бештаре бардошт. Гуфтугӯи телефонии Саидиброҳими Раисӣ ва Даниэл Ортегаро мебоист дар ҳамин чорчӯб арзёбӣ кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп