Оғози амалиёти иҷроии Иттиҳодияи радио ва телевизиони ЭКО
(last modified Thu, 16 Sep 2021 13:10:57 GMT )
Сентябр 16, 2021 18:10 Asia/Dushanbe
  • Оғози амалиёти иҷроии Иттиҳодияи радио ва телевизиони ЭКО

Раиси муассисаи фарҳангии ЭКО гуфт, дар ояндаи наздик амалиёти иҷроии Иттиҳодияи радио ва телевизиони кишварҳои узви ЭКО оғоз мешавад.

Ба гузориши Эронпресс, Сарвар Бахтӣ гуфт, ҳар чанд ба хотири шуюи вируси корона, амалиёти иҷрои оғози фаъолиятҳои радио ва телевизионии кишварҳои узви ЭКО ба таъхир афтод, аммо зерсохтҳои ин тарҳ омода шудааст ва ба зуддӣ шоҳиди оғози фаъолияти ин иттиҳодия хоҳем буд.

Вай  афзуд, албатта дар масири ҳамкории расонаӣ гомҳои хубе бардошта шудааст ва тафоҳумномаҳое низ бо расонаҳои муътабари кишварҳои узви ЭКО, аз ҷумла хабаргузории Эронпресс, имзо шудааст.

Бахтӣ гуфт, талош хоҳад кард, ҳамкориҳои муассире бо расонаҳои муътабари кишварҳои узви ЭКО дошта бошад.

Вай хотирнишон кард, ҳадафи асосӣ аз фаъолиятҳои ин муассиса эҷоди фазои эътимод ва дӯстӣ ва ҳамдилӣ бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ-ҳунарӣ аст, ки албатта дар ин мушорикат, нақши аҳолии фарҳангу ҳунари кишварҳои узви ЭКО бояд пурранг бошад.

Сарвар Бахтӣ афзуд, яке аз аҳдофи муҳиму аслии муассисаи фарҳангии ЭКО, ҳифзи мероси муштараку интиқоли он ба наслҳои ояндааст ва бар ҳамин асос китобе ба номи “Мероси номалмӯси кишварҳои узви ЭКО” ба чоп расидааст.

Бештар бихонед: