Муҳимтарин барномаҳои раиси Ҷумҳури исломии Эрон дар Тоҷикистон + видео
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Муҳимтарин бахши барномаҳои раиси ҷумҳури Эрон, шурӯи фароянди узвияти доими Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай бо абъоди мухталиф аст.
Ба гузориши хабарнигори эъзомии шабакаи “Хабар”-и телевизиони Эрон, мустақар дар Душанбе, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Муҳимтарин бахши барномаҳои раиси ҷумҳурӣ, шурӯи фароянди узвияти доими Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай бо абъоди мухталиф (сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, гумрукӣ ва заминаҳои зиёди дигар) аст.
Вай афзуд: Ин узвият ба асаргузории давлати сенздаҳум бар сиёсати Осиёмеҳвар ва кор бо кишварҳои осиёӣ кумак хоҳад кард.
Амирабдуллоҳиён баён кард: Мардум осори узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхайро дар барномаҳои иқтисодӣ хоҳанд дид.
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Раиси ҷумҳурӣ барои узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай шахсан пайгириҳои густардае дошт.
Бештар бихонед:
- Раисӣ дар ҷамъи сарони Шанхай: Шанхай метавонад ба неруи пешрони чандҷонибагароии ҷаҳонӣ табдил шавад
- Акси ёдгории Сайид Иброҳими Раисӣ ва раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси Шанхай + видео