Пазириши Эрон дар Шанхай нишонгари беасар будан таҳдидҳои Амрико аст
(last modified Sun, 19 Sep 2021 04:07:53 GMT )
Сентябр 19, 2021 09:07 Asia/Dushanbe
  • Пазириши Эрон дар Шанхай нишонгари беасар будан таҳдидҳои Амрико аст

Муовини порлумонии раиси ҷумҳурии Эрон гуфт : Пазириши Эрон ба унвони узви доим дар Созмони ҳамкории Шанхай нишонгари беасар будани таҳримҳо ва поёни даврони якҷонибагароӣ аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон ، Сайидмуҳаммади Ҳусайнӣ-муовини порлумонии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд : Пазириши Эрон ба унвони узви доими ин созмон нишонгари ин аст, ки дигар таҳдидҳои Амрико таъсире надорад ва метавонем бигӯем поёни даврони якҷонибагароӣ аст; чаро ки кишварҳои узви ин созмон чаҳоряки масоҳати хушкиҳои ҷаҳон ва 43 дарсади ҷамъияти ҷаҳонро дар бар доранд, яъне беш аз 3 миллиард ҷамъият доранд, ки ин зарфияти болое аст .

Муовини порлумонии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон идома дод : Замоне ки Ғарб таҳримҳоро густариш дод агар мо таслим мешудем онҳо ба аҳдофи худашон мерасиданд, вале мо истодем, мардум муқовимат карданд ва сахтиҳои фаровонеро таҳаммул карданд ва дар айни ҳол тавонистем дар минтақа қудратнамоӣ кунем .
Ҳусайнӣ дар идома бо баёни инки ғарбиҳо аз ин шароити имрӯзи Эрон нороҳат ҳастанд, афзуд : Ҳамин тавр ки Шарқ аз Эрон истиқбол мекунад ва ҳамкорӣ мекунад ғарбиҳо нороҳат ҳастанд, вале ин воқеияте аст, ки бояд бипазиранд .
Муовини порлумонии раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар идома бо баёни инки Эрон иштирокҳои фарҳангии бисёре бо Тоҷикистон дорад ва фарҳанг метавонад равобити кишварҳоро муносиб ва фурсатро барои фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ фароҳам кунад, гуфт : Бояд ҳатман аз ин зарфиятҳо бештар истифода кунем ва фаъолиятҳои иқтисодиро ҳам тавсеъа диҳем .

Созмони ҳамкории Шанхай-созмони байналмиллалии байнидавлатӣ аст, ки июни 2001 дар Шанхаи Чин аз сӯи Қазоқистонин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис шуд ва дар июни 2017 Ҳинду Покистон низ ба ин созмон пайвастанд.
Ҷумҳурии исломии Эрон дар бисту якумин иҷлоси Созмони ҳамкории Шанхай рӯзи  ҷумъа ба таври расмӣ узви ин созмон шуд.



Бештар бихонед :