Таъкиди Абдуллоҳиён бар сиёсати хориҷии мутавозин ва дипломатияи фаъоли Эрон дар Ню-Йорк
(last modified 2021-09-21T04:39:38+00:00 )
Сентябр 21, 2021 09:39 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Абдуллоҳиён бар сиёсати хориҷии мутавозин ва дипломатияи фаъоли Эрон дар Ню-Йорк

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Умедворам, бо истифода аз фурсати пешомада битавонем дар ростои сиёсати хориҷии мутавозин ва дипломатияи фаъол, пӯё ва ҳушманди давлати сенздаҳум дар танзиму тавсеаи равобити хориҷӣ бо ҳамаи манотиқи ҷаҳон ва кишварҳои ҳадафгузоришуда, машваратҳову гуфтугӯҳоеро бо ҳамтоён дошта бошем.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ, пас аз вуруд ба Ню-Йорк изҳор дошт: Сафарам ба Ню-Йорк дар ростои ширкат дар ҳафтодушашумин Маҷмаи умумии Созмони Милал анҷом мешавад.

Амир Абдуллоҳиён афзуд: Бо истифода аз фурсати ҳузури ҳамтоёну мақомоти олирутбаи кишварҳо, барномае, ки ҳамкорон дар намояндагӣ (Эрон дар Созмони Милал) танзим кардаанд, ҳудуди 50 мулоқот, ҷаласа ва ширкат дар нишастҳои мухталиф аст.

Вазири хориҷаи Эрон гуфт: Аз ҷумлаи мавзӯоте, ки дар дастури кор аст, бо нигоҳ ба ҳамсоягон ва бо нигоҳ ба авлавияти Осиё ва ҳамчунин тамаркуз бар сиёсати хориҷии мутавозин ва таомул бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, пайгирии дипломатияи иқтисодӣ, аз ҷумлаи барномаҳои гуфтугӯҳо хоҳад буд.

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд, ки тавваҷуҳ ба мушкилоту тасҳили умури эрониёни хориҷ аз кишвар аз барномаҳои дигаре аст, ки дар нишасте, ки дар маҳалли намояндагии мо дар Ню-Йорк, ҳамкорону масъулон тадорук дида шудааст ва коркунони дафтари ҳифозати манофеи мо аз Вашингтон ҳам ҳузур хоҳанд дошт, баррасӣ мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп