Ғарибободӣ: Режими саҳюнистӣ таҳдиде ҷиддӣ барои сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ аст
(last modified 2024-09-24T09:48:59+00:00 )
Сентябр 24, 2024 14:48 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ:  Масунияти беҳадду ҳасри режими Исроил таҳдиде аст, ки метавонад фоҷеаи инсонии бузургтареро дар сарзаминҳои ишғолӣ ба ҳамроҳ дошта бошад
    Ғарибободӣ: Масунияти беҳадду ҳасри режими Исроил таҳдиде аст, ки метавонад фоҷеаи инсонии бузургтареро дар сарзаминҳои ишғолӣ ба ҳамроҳ дошта бошад

Муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати хориҷаи Эрон режими саҳюнистиро таҳдиде ҷиддӣ барои сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ донист.

Козими Ғарибободӣ, муовини ҳуқуқиву байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Эрон душанбешаб дар нишасти Ҷунбиши Ғайримутааҳҳидҳо, дар ҳошияи ҳафтодунуҳумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк, бо ишора ба ҳамалоти ваҳшиёнаи режими Исроил ба борикаи Ғазза аз 7 октябри 2023 ва густариши таҷовузи ин режим ба Каронаи Бохтарӣ гуфт: Ҷиноёти бераҳмонае ки тавассути ин режим анҷом мешавад, таҷассуми як корзори низомманду амдии нақзи ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ, ҷинояти ҷангӣ, ҷиноят зидди башарият, поксозии қавмӣ ва наслкушии мардуми Фаластин аст”.

Ғарибободӣ бо таъкид бар ин ки масуният беҳадду ҳасри режими Исроил таҳдиде аст, ки метавонад фоҷеаи инсонии бузургтареро дар сарзаминҳои ишғолӣ ба ҳамроҳ дошта бошад, афзуд: Ҷаҳон наметавонад дар баробари ин ҷиноёт сокит бимонад ва иқдоми фавриву қотеъ зидди режими наслкуши Исроил як илзоми ахлоқиву инсонӣ ба шумор меравад”.

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба иқдоми террористии режими саҳюнистӣ дар Лубнон гуфт, ин иқдом, ки бо куштори ҷамъии ғайринизомиёни бегуноҳ аз тариқи истифода аз фанновариҳои иртиботӣ ба унвони абзорҳои ҷангӣ сурат гирифт, бори дигар беэътиноии мутлақи ин режим ба ҳаёти инсонҳову қавонини байналмилалиро нишон дод.

 

Барчасп