Шикасти футзали Эрон дар муқобили қаҳрамони ҷаҳон ва боло рафтан аз марҳалаи гуруҳӣ + видео
(last modified 2021-09-21T06:07:34+00:00 )
Сентябр 21, 2021 11:07 Asia/Dushanbe

Тими миллии футзали Эрон дар сеюмин мусобиқа дар Ҷоми Ҷаҳонии 2021-и Литва муқобили тими миллии Аргентина, қаҳрамони ҷаҳон 1 ба 2 натиҷаро вогузор кард.

Ба гузориши хабарнигори бахши байналмилали Хабаргузории садо ва симо аз Вилнюс, тими миллии футзали Эрон дар сеюмин мусобиқаи худ дар Ҷоми Ҷаҳонии 2021 Литва муқобили тими миллии Аргентина - қаҳрамони ҷаҳон дар давраи пеш, бо натиҷаи шикасти ду бар як ба суди Аргентина, роҳии марҳалаи якҳаштуми ниҳоӣ шуд.

Нимаи нахусти ин мусобиқа бидуни гол хотима ёфт ва дар нимаи дувум Леонардо Козолия ва Дейман Стазония, бозикунони тими Аргентина тавонистанд дарвозаи Эронро боз кунанд.

Алиасғари Ҳасанзода, капитани тими миллии футзали Эрон дар дақиқаи сӣ Эронро соҳиби як гол кард.

Қарор аст тими миллии футзали Эрон рӯзи ҷумъаи бистуҳафтуми сентябр (дувуми меҳр) барои мусобиқаи якҳаштуми ниҳоӣ муқобили тими миллии Узбакистон қарор гирад.

Мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии футзал аз таърихи бистуякуми шаҳривар (дувоздаҳуми сентябр) дар се шаҳри Литва оғоз ва то ёздаҳуми меҳр (сеюми октябр) идома дорад.

 

Мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии футзал ҳар чаҳор сол баргузор мешавад, ки дар охирин давраи он дар соли 2016 мелодӣ тимҳои Аргентина, Русия ва Эрон ба тартиб мақоми аввал то сеюми ҷаҳонро тасоҳуб карданд.

 

Бештар бихонед: