Касби мақоми сеюми варзишкори эронӣ дар мусобиқоти сангнавардии қаҳрамонии ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i74276-Касби_мақоми_сеюми_варзишкори_эронӣ_дар_мусобиқоти_сангнавардии_қаҳрамонии_ҷаҳон
Намояндаи Эрон ба медали бронзи бахши “комбайн”-и мусобиқоти сангнавардии қаҳрамонии ҷаҳон даст ёфт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 22, 2021 16:50 Asia/Dushanbe
  • Касби мақоми сеюми варзишкори эронӣ дар мусобиқоти сангнавардии қаҳрамонии ҷаҳон

Намояндаи Эрон ба медали бронзи бахши “комбайн”-и мусобиқоти сангнавардии қаҳрамонии ҷаҳон даст ёфт.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, мусобиқоти сангнавардии қаҳрамонии ҷаҳон шомгоҳи сешанбе дар Маскав ба поён расид ва дар охирин шаби мусобиқот Элнози Рикобӣ аз Эрон бо 42 имтиёз дар радаи сеюми ин бахш қарор гирифт.

Ҷессика Пилз аз Австрия бо 20 ва Мая Крмапал аз Словения бо 36 имтиёз медалҳои тилло ва нуқраи ин бахшро ба даст оварданд.

Ин нахустин медали сангнавардии занони Эрон дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон буд.