Сентябр 28, 2021 12:31 Asia/Dushanbe
  • Нафтали Беннетт муддаӣ шуд ҳадафи Эрон сохти силоҳи ҳастаӣ аст
    Нафтали Беннетт муддаӣ шуд ҳадафи Эрон сохти силоҳи ҳастаӣ аст

Нафтали Беннетт нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе дар маҷмаъи умумии Созмони Миллал бо такрори иттиҳомоти беасос алайҳи барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон муддаӣ шуд, ки ҳадафи Эрон сохти силоҳи ҳастаӣ аст .

Нафтали Беннетт-нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе дар маҷмаъи умумии Созмони Миллал бо такрори иттиҳомоти беасос алайҳи барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон  муддаӣ шуд, ки ҳадафи Эрон сохти силоҳи ҳастаӣ аст .
Дар суханронии Беннетт аҳдофи чандваҷҳӣ вуҷуд дорад, ки аз абъоди мухталиф қобили таҳлил ва баррасӣ аст .
Қабл аз ҳар мавзӯе бояд гуфт лафзбозиҳои нахуствазири режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон дар мавзӯи ҳастаӣ пур аз дуруғ ва иддаоҳои ғайривоқеӣ аст . Ин шева дар воқеъ навъе ҷанги равонӣ аст, ки дар замони нахуствазирии Натаняҳу алайҳи Эрон ба кор гирифта шуд . Ӯ бо онкӣ дар нишастҳои маҷмаъи умумии Созмони Миллал ба хотири дуруғҳои пай дар пай дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон мавриди тамасхур қарор гирифт, аммо ба ин равия идома дод . Дар идомаи ин раванд мушаххас шуд, ки ҳадафи Исроил аз исрор бар ин шева заминасозӣ барои тероризми ҳастаӣ буд, ки бо террори чанд донишманди ҳастаии Эрон аз ҷумла террори доктор Муҳсини Фахризода вориди марҳалаи тозае шуд . Амалиёти тахрибӣ, ки дар таъсисоти Натанз анҷом шуд, дар ҳамин росто буд .
Аз ин дарича бояд гуфт яке аз аҳдофи Нафтали Беннетт сарпӯш гузоштан бар сиёсатҳои бесуботкунанда ва рафторҳои ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ дар минтақа аст . Режими саҳюнистӣ бо ин гуна ҷанҷолсозиҳо албатта ба дунболи пеш бурдани нақшаи ҳазфи масъалаи Фаластин аз авлавияти масойили минтақа низ мебошад, ки ба хаёли саҳюнистҳо яке аз роҳбурдҳои он тазъифи ҷараёни муқовимат ва таҳдидсозӣ аз Эрон дар минтақа аст . Чунонкӣ чанд сол қабл низ сиёсати фишори ҳаддиаксарии давраи Трамп бо ҳамоҳангии Исроил заминаи муносибе барои ин ҳадаф фароҳам кард ва тарҳи оддисозии равобити Исроил бо бархе режимҳои хоини арабӣ дар минтақа иҷро шуд.
Ҳадафи дигар аз лафзбозиҳои Беннетт ба музокироти Вена бозмегардад ва инки Эрон ба унвони тарафи гуноҳкор ва тахрибкунандаи Барҷом ва сабаби ба натиҷа нарасидани музокироти Вена нишон дода шавад.
Нуктаи қобили тавваҷуҳ дар ин замина ибрози нигарониҳои ошкори Исроил аз ақибнишинии Амрико ва аврупоиҳо дар Барҷом аст, ки нишон медиҳад ин иттифоқ ҳамоҳанг бо манофеъи Исроил нест . Зеро поёни ин сенириясозӣ ба манзалаи шурӯи фасли сахт барои Исроил аст .
Изҳороти Козими Ғарибободӣ-намояндаи Эрон назди созмонҳои байналмиллалӣ дар Вена дар вокуниш ба лафбозиҳои нахуствазири Исроил ва намояндагони Амрико ва се кишвари аврупоӣ ишора ба ҳамин мавзӯ дорад .

Ғарибободӣ гуфт:Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ва Ғарб наметавонанд ҳам дар баробари иқдомоти террористии Исроил сукут кунанд ва ҳам хоҳони тадовуми назорат аз таъсисоти ҳастаӣ бошанд .

Ғарибободӣ хотирнишон кард: Ҳангоме ки таҷҳизоти назоратии ожонс тавассути режими саҳюнистӣ аз кор меуфтад аз Эрон интизор надошта бошед муҷаддадан онро бидуни ҳазинае барои ин режим ва бидуни ҳеҷ иқдоме аз сӯи ожонс ва кишварҳои муддаӣ бознасб кунад .
Маҷиди Тахтиравончӣафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид ҳам дар вокуниш ба фарофиканиҳо ва лафзбозиҳои нахуствазири режими Исроил дар маҷмаъи умумии Созмони Миллал изҳор дошт: Режими саҳюнистӣ дар ҳоле ки садҳо кулоҳаки ҳастаӣ дорад наметавонад дар мавриди барномаи сулҳомезӣ Эрон баҳс кунад .Ончӣ рушан аст Исроил ба дунболи эҷоди буҳронҳои сохтагӣ ва ноамнсозии минтақа аст ва барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳар шевае аз дуруғсозӣ то фишор бар Амрикову Аврупо барои тахриби роҳи расидан ба тавофуқ бо Эрон дар Барҷом истифода мекунад . Ин сиёсат аммо акнун барои Амрико ва Аврупо пурҳазина ва дардисарсоз шудааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп