Амирабдуллоҳиён: Агар нақши вижаи сардор Сулаймонӣ набуд, имрӯз минтақаи мо шакли дигаре дошт
(last modified 2021-09-30T13:32:50+00:00 )
Сентябр 30, 2021 18:32 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Агар нақши вижаи сардор Сулаймонӣ набуд, имрӯз минтақаи мо шакли дигаре дошт

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо фармондеҳи Неруи Қудси Сипоҳи посдорон гуфт: Агар нақши вижаи сардор Сулаймонӣ, қаҳрамони мубориза бо терроризм ва саҳюнизм набуд, имрӯз минтақаи мо шакли дигаре дошт.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар ин дидор афзуд: Агар ДИИШ дар Сурияву Ироқ муваффақ мешуд, имрӯз саросари ҷаҳон бо терроризму ифротгароӣ мувоҷеҳ буд.

Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон таъкид кард: Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо ифтихор масири сардори сулҳ Ҳоҷи Қосими Сулаймониро дар ниҳодинасозии сулҳу дӯстӣ бо кишварҳои минтақа ва мубориза бо терроризм дунбол хоҳад кард.