Октябр 03, 2021 14:08 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳаргиз ҳузури унсури режими саҳюнистиро дар наздики марзҳои худ таҳаммул намекунад
    Эрон ҳаргиз ҳузури унсури режими саҳюнистиро дар наздики марзҳои худ таҳаммул намекунад

Ҷумҳурии исломии Эрон ҳаргиз ҳузури унсури режими саҳюнистиро дар наздики марзҳои худ ва низ тағйири геополитика дар минтақаро таҳаммул намекунад.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон шанбешаб бо ҳузур дар барномаи "Нигоҳи як"-и шабакаи аввали телевизиони Эрон, бо баёни ин мавзуъ тасреҳ кард: Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳассосияту қотеият ва дар айни ҳол нигоҳи дӯстона ба ҳамсоягони худ, аз ҷумла ҷумҳурии Озарбойҷон масоилро расад ва пайгирӣ мекунад.

Ҷанг дар Қарабоғ акнун хотима ёфта, аммо таъсироти ин муноқиша ҳамчунон бар минтақа соя андохтааст. Яке аз паёмадҳои ин ҷанг фурсатталабии Исроил ва гурӯҳҳои террористӣ барои нуфуз дар минтақа буд. Албатта ин мавзуъ пеш аз даргириҳои Қарабоғ ҳам собиқа доштааст. Ба унвони мисол, нахустин бор дар даргириҳои даҳаи 1990 ва дуюмин бор дар ҷанги 4 рӯзаи апрели 2016, ахборе мабнӣ бар ҳузури гуруҳҳои террористӣ дар минтақаи Қафқоз мунташир шуд.

Нигаронии Эрон дар ин замина бо тавваҷуҳ ба пайвандҳои марзӣ ва равобити наздики Эрон бо кишварҳои ин минтақаи қобили дарк аст. Эрон бо Арманистону ҷумҳурии Озарбойҷон марзи муштараки заминӣ дорад. Дар воқеъ муҷовирати ҷуғрофиёӣ эҷоб мекунад, ки Эрон нисбат ба таҳаввулот дар ҷавори марзҳои худ ҳассосияти болое дошта бошад, ба ҳамин далел ҳар гуна моҷароҷӯӣ ва ҳузури унсури ноамнкунандаву таҳдидсоз дар ин минтақа ва дар наздики марзҳои Эрон метавонад таъсири мустақим бар амнияти миллии Эрон дошта бошад. Нуктаи муҳими дигар дар ин иртиботи дидгоҳҳои шаффофу мантиқии Эрон дар қиболи буҳронҳои минтақаӣ аст.

Изҳороти Амирабдуллоҳиён дар ин бора аз ду ҷанба ҳоизи аҳамият аст:

Нахуст он ки хати қирмизҳоро дар дипломатияи минтақаии Эрон ба равшанӣ ва бидуни таоруф мушаххас мекунад. Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар ин ки Эрон ҳамсояи бузурги ҷумҳурии Озарбойҷон аст тасреҳ кард: Теҳрон нигарони ин аст, ки саҳюнистҳову террористҳо барои ҷумҳурии Озарбойҷон эҷоди хатар кунанд.

Амир Абдуллоҳиён ҳамчунин хотирнишон кард, ки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳаргиз ҳузури режими ҷаълии саҳюнистиро дар наздики марзҳои худ таҳаммул намекунад.

Аммо ҷанбаи дувуми ҳоизи аҳамият дар суханони вазири хориҷаи Эрон арзёбии Эрон мавзегириҳои ахири мақомҳои Бокӯ ва таҳлили паёмадҳои иқдомоти таҳрикомезу таъсироти сӯи он бар равобити ду кишвари ҳамсоя аст.

Амирабдуллоҳиён бо ишора ба ин нукта, ки Теҳрон нигарониҳои худро дар ин замина ба мақомоти ҷумҳурии Озарбойҷон эълом карда, хотирнишон кард: Масъала ин аст ки ин таҳаррукот бар талоши саҳюнистҳову террористҳо барои тахриби равобити Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон мутамаркиз аст.

Муҳсини Покойин, сафири собиқи Эрон дар ҷумҳурии Озарбойҷон мегӯяд: Воқеият он аст, ки саҳюнистҳо саъй доранд аз таҳаввулоти ҷанги Қарабоғ ва идомаи ташдиди таниш байни Бокӯ ва Ереван дар ҷиҳати манофеи худ истифода кунад. Зимни ин ки Тел-Авив дар талош аст, ки ҳамвора дар равобити Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ихлол эҷод кунад.

Воқеият ин аст, ки барои режими Исроил доштани робита ва ҳузур дар хоки ҷумҳурии Озарбойҷон ба унвони як кишвари исломӣ бо аксарияти шиа, як фурсати истисноӣ аст, ки ба заъми мақомот Исроил метавонад ба ҳаёти хилвати саҳюнистҳо дар ин минтақа табдил шавад. Режими саҳюнистӣ дар идомаи сиёсати нуфуз дар кишварҳои исломӣ аз ҳамон нахустин соли истиқлоли ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамин ҳадафро дунбол кардааст. Нуфузи саҳюнистҳо дар Қарабоғ ҳамзамон бо барқарории муносиботи дипломатии Исроил бо Иморот ва Баҳрайн, сиёсате ӣавъам бо аҳдофе ҳисобшуда ва дар ҷиҳати нуфузи амниятӣ дар минтақа аст. Ин сиёсат қатъан ба зиёни амният ва манофеи миллии ҷумҳурии Озарбойҷон ва таҳдид барои амнияти ҷамъӣ дар минтақа аст.

Дар ҳар ҳол, Эрон ҳамвора дидгоҳҳову мавозеи худро дар қиболи нақши мухарриби режими саҳюнистӣ дар минтақа эълом ва тасреҳ кардааст, ки режими саҳюнистӣ дар ояндаи минтақа ҷое нахоҳад дошт. Таъкиди вазири хориҷаи Эрон бар ин ки тағйир дар марзҳои минтақа аз назари Эрон пазируфтанӣ нест, дар ҳамин чорчӯб паёми равшане дорад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп