Октябр 08, 2021 16:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳулули моҳи мубораки Рабеъ-ул-аввал

Ҷумъа - якуми моҳи Рабеъ-ул-аввали 1443 ҳиҷрии қамарӣ аст.

Ҳарчанд дар тамоми моҳҳо Худованд ҳамвора баракоташро барои инсонҳо арзонӣ доштааст ва тамоми айём пурбаракат ҳастанд, аммо бархе аз рӯзҳову моҳҳо аз вижагиву шодии афзунтаре дар миёни мусулмонон бархӯрдоранд.

Моҳи Рабеъ-ул-аввал ҳамон гуна, ки аз исми он пайдост, баҳори моҳҳост. Ин моҳ ба моҳи шодиву сурур маъруф аст.

Мелоди паёмбари Ислом (с), имом Содиқ (а), набераи паёмбар (с) ва оғози имомати ҳазрати Маҳдӣ (аҷ) дар ин моҳ воқеъ шудааст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар фазлияти моҳи Рабеъ-ул-аввал гуфтаанд: "Моҳи Рабеъ-ул-аввал ба маънои ҳақиқии калима, рабеъи ҳаёту баҳори зиндагӣ аст, зеро дар ин моҳ вуҷуди муқаддаси паёмбари гиромӣ -ҳазрати Муҳаммад расулуллоҳ ва ҳамчунин фарзанди бузургвораш (набера) - ҳазрати Абиабдуллоҳ Ҷаъфар бин Муҳаммад Содиқ валодат ёфтаанду валодати пайғамбар сароғози ҳамаи баракоте аст, ки Худои мутаол барои башарият мақдур фармудааст”.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳулули моҳи Рабеъ-ул-аввалро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегуяд.