Кумаки башардӯстонаи Эрон ба маҷрӯҳони ҳодисаи террористии Қундузи Афғонистон
Эрон як ҳавопаймои ҳомили кумак ба маҷрӯҳону хонаводаи шуҳадои ҳамлаи террористии масҷиди шиъёни Қундӯз ба Афғонистон эъзом кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, сафорати Эрон дар Афғонистони рӯзи душанбе эълом кард дар идомаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон як ҳавопаймои ҳомили кумакҳои башардӯстона шомили дору ва колоҳои пизишкӣ барои маҷрӯҳону хонаводаҳои шуҳадои ҳодисаи террористии масҷиди шиъаён дар Қундӯз имрӯз душанбе ба Афғонистон ирсол шуд .
Масҷиди ҷомеъи шиъаён дар Саидободи вилоят Қундуз рӯзи ҷумъа мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифт, ки бар асари он беш аз сад нафар аз намозгузорон шаҳид ва 200 нафар маҷрӯҳ шуданд .
Гуруҳи террористии ДИИШ масъӯляти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст .
Ҳафтаи гузашта панҷумин маҳмӯлаи кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба вазни 50 тон шомили маводи ғизоӣ, дору, кампал ва дигар колоҳои мавриди ниёзи мардуми Афғонистон ба Кобул расид .
Бештар бихонед :