Интисоби Аҳмади Наврӯзӣ ба симати муовинати бурунмарзии расонаи миллӣ
Октябр 12, 2021 12:21 Asia/Dushanbe
Аҳмади Наврӯзӣ бо ҳукми раиси расонаи миллӣ ба симати муовини бурунмарзии Созмони садо ва симо мансуб шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, доктор Паймони Ҷабалӣ, раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳукме Аҳмади Наврӯзиро ба симати муовини бурунмарзии Созмони садо ва симо мансуб кард.
Раиси расонаи миллӣ дар ин ҳукм ибрози умедворӣ кардааст, Наврӯзӣ бо истифодаи беҳина аз зарфияти нерӯҳои мутааҳҳид ва инқилобии созмонӣ ва низ ҳамафзоӣ бо марокизу унсури расонаии минтақаву ҷаҳон, ин маъмуриятҳоро ба наҳви матлубе муҳаққақ кунад.
Бештар бихонед:
- Ҷабалӣ: Зарфияти садо ва симо бояд дар вусъати доираи зарфияти фарҳангии инқилоб густариш ёбад
- Паёми табрикии раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО ба Паймони Ҷабалӣ