Бозкушоии марзи заминии Эрон бо Туркманистон
(last modified Thu, 14 Oct 2021 09:35:53 GMT )
Октябр 14, 2021 14:35 Asia/Dushanbe
  • Бозкушоии марзи заминии Эрон бо Туркманистон

Гузаргоҳи марзии Эрон бо Туркманистон баъд аз 20 моҳ бозкушоӣ мешавад.

Сайид Рӯҳуллоҳ Латифӣ, сухангӯи гумруки Эрон гуфт: Гузаргоҳи марзии Инчабуруни устони Гулистон (шимоли Эрон) бо Туркманистон баъд аз 20 моҳ имрӯз - панҷшанбе бозкуушоӣ мешавад.

Вай афзуд: Бо эъломи Туркманистон ва тавофуқоти суратгирифта, аз имрӯз комюнҳои ҳомили бори тиҷории Эрон ба мақсади Туркманистон пазириш мешаванд.

Бо шурӯи ҳамагирии бемории корона, марзи заминии Туркманистон бо Эрон дар Инчабуруни устони Гулистон баста шуд.

Марзи Боҷгирони Хуросони Разавӣ бо Туркманистон низ ҳамчунон ба сурати комил масдуд аст ва ҳанӯз бозкушоӣ нашудааст.