Бумисозӣ бузургтарин имтиёзи "паҳпод"-и эронӣ
Фармондеҳи гурӯҳи паҳподии ҳазрати имом Меҳдӣ (а)-и нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, бузургтарин мазияти парандаҳои бидуни сарнишин "паҳпод"-и Эрон бумӣ будани он аст.
Генерал Шаҳроми Ҳасаннажод, фармондеҳи гурӯҳи паҳподии ҳазрати имом Меҳдӣ (а)-и нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, ончӣ имрӯз дар нерӯи заминӣ ва неруҳои мусаллаҳ иттифоқ меафтад, натиҷаи як тафаккури амиқу таҷрибаи бисёр арзишманд аз ҳашт сол дифои муқаддас аст.
Ба гуфтаи генерал Ҳасаннажод, дастёбӣ ба улӯмҳои "так" ва тавонмандиҳои ҳавзаи парандаҳои бидуни сарнишин натиҷаи таҷорибе аст, ки дар ҳаштсоли дифои муқаддас доштем.
Генерал Шаҳроми Ҳасаннажод бо ташреҳи заруратҳои истифода аз паҳподҳо дар ҷангҳои имрӯзӣ гуфт, тафаккури истифода аз паҳподҳо дар ҳақиқат тибқи фаромини раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ буд.
Генерал Ҳасаннажод бо баёни инки нерӯи заминии артиш ба сӯрати ҷиддӣ вориди ҳавзаи паҳпод шудааст, гуфт, дар солҳои аввал ниёзҳо ва илзомоти шиносоӣ ва муроқибат дар размоишҳо, иқдомот дар ҷавори марзҳо ва дар ҳавзаҳои дохилӣ тафаккури ҷадиде дар нерӯҳои мусаллаҳ эҷод кард, дар он мақтаъ паҳподҳои аввалия фақат барои шиносоӣ ва муроқибат буд.
Ба гуфтаи фармондеҳи гурӯҳи паҳподии ҳазрати имом Меҳдӣ (а)-и нерӯи заминии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, таҳриму фишори ҳаддиаксарӣ, дастоварде барои омилони он надошт ва имрӯз шароити бисёр хубе дар ҳавза паҳпод дорем ба тавре, ки аз паҳподҳои шиносоӣ ва муроқибат убӯр кардем.
Генерал Ҳасаннажод тасреҳ кард, имрӯз роҳбурди нерӯи заминӣ аз як нерӯи сирфан дифоӣ хориҷ шуда ва нигоҳи офандӣ(фарогир) дорад.