Вазорати хориҷаи Эрон : Гуфтугӯҳои Теҳрон барои рафъи таҳримҳо созанда буд + филм
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон гуфт : Гуфтугӯҳои Теҳрон миёни муовини сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамтои эронии вай хубу созанда буд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Саиди Хатибзода бо эъломи инки музокирот барои рафъи таҳримҳо дар Вена идома меёбад гуфт : Гуфтугӯиҳои панҷшанбе дар Теҳрон хубу созанда буд . Нукот ба оқои Мора мунтақил ва муқарар шуд дар чанд рӯзи ояндагуфтугӯҳо дар Брюссел идома пайдо кунад.
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон тасреҳ кард : Бояд дар гуфтугӯиҳое ки анҷом мешавад шаш даври музокироте, ки дар Вена ба натиҷа нарасид, пайгирӣ шавад .
Хатибзода дар бораи суҳбатҳои вазири хориҷаи Арабистон дар бора музокироти байни ду кишвар гуфт : Гуфтугӯҳо хубу мусбат буд ва дар буъди дуҷонибаву минтақаӣ пайгирӣ шуд ; ин гуфтугӯҳову тамосҳо идома дорад. Гуфтугӯи муҳтарамонаву ҷиддӣ ниёз аст ва умедворам ба натиҷа бирасад .
Бештар бихонед :
- Хатибзода : Пойгоҳҳои террористӣ дар Курдистони Ироқ барчида шавад
-
Бозгашти комили Эрон ба БарҶом дар сурати бароварда шудани интизорот дар ҳавзаҳои мухталиф
-
Хатибзода: Баргузории размоиш дар марзҳои шимолиғарб як мавзӯи ҳокимиятӣ аст
-
Хатибзода: Иттифоқоти Амрико санади ҳаққонияти Эрон дар муқобила бо ин режим аст