Ҷашну сурур дар солрӯзи мелоди Паёмбари гиромии ислом ( с )
(last modified Sat, 23 Oct 2021 15:20:57 GMT )
Октябр 23, 2021 20:20 Asia/Dushanbe
  • Ҷашну сурур дар солрӯзи мелоди Паёмбари гиромии ислом ( с )

Ҳамзамон бо мелоди ҳазрати Муҳаммади Мустафо-Паёмбари гиромии ислом ( с ) ва Имом Ҷаъфари Содиқ ( ъ ) набераи Паёмбари меҳрбониҳо ( с ) саросари Эрони исломӣ ғарқ дар нуру шодӣ аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мардуми манотиқи мухталифи Эрони исломӣ аъам аз шиъаву суннӣ бо озинбандии масоҷид, манозил, кӯчаҳову мағозаҳо бо парчаму чароғҳои рангоранг ва барпоии маросиму пахши нуқлу ширинӣ солрӯзи мелоди хуҷастаи ҳазрати Муҳаммади Мустафо ( с )аёмбари гиромии ислом ва солрӯзи мелоди ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ ( ъ )-набераи Паёмбари ислом ( с )-ро ҷашн гирифтанд .
Мардуми шаҳри Машҳад дар шимоли шарқи Эрон дар солрӯзи мелоди Паёмбари гиромии ислом ( с ) ва Имом Ҷаъфари Содиқ ( ъ ) вижабарномаҳое монанди суханронӣ ва мадеҳасароии зокирони Аҳли байти исмату таҳорат ( ъ ) дар масоҷид, такяҳо ва аз ҷумла ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Имом Ризо ( ъ )-набераи Паёмбари ислом ( с )-ро баргузор карданд.
Мардуми мусалмони Қум дар ҷануби Теҳрон  ҳам бо барпоии пойгоҳҳои салавотӣ ва пахши нузурот ва шириниву шарбат, мелоди Расули акрам ( с ) ва Имом Ҷаъфари Содиқ ( ъ )-ро дар амокини мазҳабӣ бавижа дар боргоҳи Каримаи аҳли байти исмату таҳорат-ҳазрати Фотимаи Маъсума саломуллоҳ- алайҳо ва масҷиди муқаддаси Ҷамкарон ҷашн гирифтанд .
Мардуми Шероз дар ҷануби Эрон низ бо ҳузур дар ҳарами Аҳмади ибни Мӯсои Шоҳчароғ ( ъ ) ҷашни валодати Паёмбари аъзами ислом ( с ) ва Имом Ҷаъфари Содиқ ( ъ )-ро баргузор карданд .
Радиои тоҷикии Садои Хуросон ин ҷашнҳоро ба умуми мусалмонони Эрон, Тоҷикистон ва ҷаҳон табрик арз мекунад.