Октябр 27, 2021 22:33 Asia/Dushanbe
  • Ин нишаст ба сӯрати таркибӣ (маҷозӣ ва ҳузурӣ) баргузор ме шавад
    Ин нишаст ба сӯрати таркибӣ (маҷозӣ ва ҳузурӣ) баргузор ме шавад

Теҳрон рӯзи чаҳоршанбе 5 обон (27 октябр) мизбони Дуюмин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар бораи таҳаввулоти ин кишвар аст.

Ин нишаст ба сӯрати таркибӣ (маҷозӣ ва ҳузурӣ) баргузор мешаваду вазирони умӯри хориҷаи Эрон, Чин, Покистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба иловаи Рӯсия дар он ширкат мекунанд.

Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони суханрони ифтитоҳияи ин нишаст аст ва Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милал ҳам паёме ба ин нишаст содир хоҳад кард.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умӯри хориҷаи Эрон дар нахустин нишасти вузарои хориҷаи 6 кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки 8 сентябр ба сӯрати маҷозӣ ва ба мизбонии Покистон баргузор шуд, аз омодагии Эрон барои дар ихтиёр гузоштани тамомии имконоти худ ба манзури пешбурди музокироти байналафғонӣ хабар дод.

Дар баёнияи поёнии иҷлоси нахусти ҳамсоягони Афғонистон таъкид шуд, мардуми Афғонистон бояд ояндаи ин кишварро рақам бизананд; ҳамчунин таҳаввулоти Афғонистон бори дигар собит кард, ки роҳи ҳалли низомӣ барои он вуҷӯд надорад ва ташкили сохтори сиёсии ҷомеъ дар Афғонистон бо мушорикати тамоми гуруҳҳои қавмии ин кишвар зарурӣ аст.

Дар ҳоли ҳозир, ки Толибон бар Афғонистон мусаллат аст ин кишвар арсаи таҳаввулоти муҳимме аст, ки метавонад дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии минтақа, аз ҷумла бар кишварҳои ҳамсояи ин кишвар таъсир бигузорад. Бар ҳамин асос Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз ҳамсоягони он кишвар аҳамияти зиёде барои тақвияти ҳамкориҳои минтақаи ҷиҳати кумак ба раванди сулҳ дар Афғонистон қоил аст.


Дар ҳамин росто, вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ройзаниҳои телефонӣ бо ҳамтоёни худ, аз ҷумла вузарои хориҷаи Қатар, Уммон, Туркия, Покистон, Индонезия, дабири кулли Созмони милал ва  дабирикулли Созмони Ҳамкории Исломӣ дошта ва дарбораи густариши ҳамалоти террористӣ дар Афғонистон ба хусӯс ҳамалоти ДИИШ ба намозгузорон иброз нигаронӣ карда аст.
Аз муҳимтарин масоили кунӯнии Афғонистон, хатари бозхези ДИИШ аст, ки раҳбари муъаззами инқилоб,  24 октябр дар конфаронси ваҳдати исломӣ ба он ишора ва хотирнишон карданд: инфиҷорҳои таассуфбор ва гиряовари ахир дар масоҷиди Афғонистони алайҳи мардуми мусулмону намозгузор аз ҷумлаи ҳамин ҳаводис аст, ки ба дасти ДИИШ анҷом шуду Амрикоиҳо сироҳатан баён карда буданд мо ДИИШ-ро эҷод кардем.
 

Дар ин ҳол, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мавҷи ҷадиде аз оворагони афғон мувоҷеҳ аст ва дар шароите, ки ба далели таҳримҳои якҷониба ва золимонаи Амрико, мушкилоти иқтисодӣ барои Эрон ба вуҷӯди омада, зарурӣ аст ҷомеъаи байналмилалӣ дар ин хусӯс кумакҳои лозимро барои мудирияту таъмини ниёзҳои оворагон ироа кунад.

Бадеҳист, мизбонии Теҳрон аз вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон низ нишондиҳандаи ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мардуми он кишвар дар тамомии мақотеъи ҳассосу сарнавиштсози таърих Афғонистонаст. Эрон ҳамчунин роҳи ҳалли бурӯн рафти Афғонистон аз чолишҳои сиёсӣ ва амниятии ҷориро талоши ҳамаи тарафҳо барои ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳамаи гуруҳҳои қавмӣ ва мазҳабӣ аз тариқи гуфтугӯҳои байналафғонӣ ва бидуни мудохилаи хориҷӣ медонад.

Бештар бихонед: