Эрон ҳамлаи террористӣ дар Кобулро маҳкум кард
(last modified Wed, 03 Nov 2021 06:39:56 GMT )
Ноябр 03, 2021 11:39 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамлаи террористӣ дар Кобулро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамла ба бемористони 400 тахтихобии Кобулро маҳкум ва бо хонаводаи қурбониёни ин иқдоми террористӣ ибрози ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши идораи кулли иттилоърасонӣ ва умури сухангӯии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Саиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ҳамлаи террористӣ ба бемористони 400 тахтихобии Кобул, ҳар гуна иқдоми террористӣ, ки мардуми оддиро ҳадаф қарор медиҳад, маҳкум кард.

Бар асари инфиҷорҳои рӯзи сешанбе муқобили бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довудхон дар минтақаи дипломатнишини Вазир Акбархони Кобул, пойтахти Афғонистон, дастикам 23 нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шуданд.

Оморҳо бо шиносоии афроди қурбонӣ дар ҳоли тағйир ва рӯ ба афзоиш аст.