Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Парвандаи Амрико дар Эрон бисёр сиёҳ ва нангин аст
(last modified Fri, 05 Nov 2021 11:54:55 GMT )
Ноябр 05, 2021 16:54 Asia/Dushanbe

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, парвандаи Амрико дар Эрон ва ҷаҳони Ислом бисёр сиёҳ ва нангин аст ва ин кишвар аз мурдоди соли 1332 то кунун 68 сол аст, ки алайҳи мардуми Эрон тавтеа мекунад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон дар бахше аз суханонаш ба солрӯзи 13 обон ишора карду афзуд: Дирӯз 13 обон буд, ки ба ҳақ рӯзи миллии мубориза бо истикбор ном гирифтаву парвандаи Амрико дар Эрон ва ҷаҳони Ислом бисёр сиёҳ ва нангин аст.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ афзуд: Дар сездаҳуми обони 1357 донишҷӯён ва донишомӯзон дар ҳамин фазое, ки шумо нишастаед, дар ҳимоят аз имом ҷамъ шуданд ва ба дастури Амрико ба гулӯла баста шуданд. Ба ин тартиб, ки 57 нафар шаҳид ва беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шуданд ва ин парвандаи режиме буд, ки Амрико бар миллати Эрон мусаллат карда буд, ки ҳазорон куштаи дигар ҳам рақам хурд.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт: Сафоратхонаи Амрико дар кишвари мо конуни тавтеа алайҳи низоми исломӣ буд, ки донишҷӯёни мусулмон онро тасхир карданд ва мавриди таъйиди имом ҳам қарор гирифт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп