Ноябр 05, 2021 18:57 Asia/Dushanbe
  • Вуруди аввалин тӯри ошносозии гардишгарони рус ба Эрон

Нахустин тӯри ошносозии гардишгарони рус ба Эрон, пас аз лағви мамнуияти судури раводид, вориди Теҳрон шуданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ин гуруҳ, ки шомили тӯргардонони рус аст, аз хурдоди 1400 дар пайи тафоҳуми Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастӣ бо Ожонси федералии гардишгарии Русия, омодаи сафар ба Эрон буданд ва бо лағви мамнуияти судури раводид шаби гузаштаи панҷшанбе аз тариқи фурудгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ) вориди Теҳрон шуданд.

Қарор буд пас аз фарвардини 1399, ки тӯри ошноӣ дар Эрон баргузор шуда буд, рӯйдодҳои гардишгарӣ байни Эрон ва Русия тавсеа пайдо кунад, ки густариши вируси корона монеи ин иттифоқ шуда буд.

Қарор аст ин гурӯҳ аз гардишгарон мутобиқ бо дастуруламали «наҳваи ҳузури гардишгарони хориҷӣ дар шароити корона» дар бистаре эмин бо риояти комили шеваномаҳои беҳдоштӣ, аз ҷозибаҳои гардишгарии Эрон дидан кунанд.

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп