Ноябр 20, 2021 10:31 Asia/Dushanbe
  • Хатибзода: Амрико ноқизи қатномаи 2231 Шурои Амният аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, Амрикоро ноқизи қатномаи 2231 Шурои Амнияти Созмони Миллали Мутаҳид хонд.

Саъиди Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар паёме дар вокуниш ба баёнияи муштараки се кишвари  аврупоӣ ва Амрико навиш: Давлати Амрико ба унвони ноқизи қатномаи 2231 Шурои амният ва унвони тарафе, ки аз БарҶом хориҷ шуд, масъули вазъияти эҷод шуда аст.

Хатибзода афзуд: Тарфанди истифодаи абзорӣ аз Ожонси байналмилали энержии атомӣ, машруъияти иқдомоти ин ожонсро зери савол мебарад, баҷои инки манфиъате барои омилон дошта бошад.

Муовинони сиёсии вазирони хориҷаи се кишвари аврупоӣ (Олмон, Фаронса ва Англия) дар Риёз бо намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон ва намояндагони аъзои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар Риёз дидор ва дар поён баёнияи муштараке содир карданд.

Намояндагони ин се кишвар дар ин баёния, Эронро ба анҷоми фаъолиятҳои бесуботкунанда дар минтақа мутаҳам ва иддао карданд: Гуфтугӯҳои минтақа ва бозгашти дуҷониба ба БарҶом ба нафъи ҳамаи минтақаи ғарби Осиё хоҳад буд ва имкони мушорикатҳои  минтақаӣ ва мубодилоти иқтисодии бештарро фароҳам хоҳад кард, зимни онк ки натиҷаҳои пойдор барои рушду рифоҳи ҳамаи мардуми он минтақа, аз ҷумла Эрон хоҳад дошт.

 

Бештар бихонед:

Хатибзода: Имзои раиси ҷумҳурии Амрико қобили иттико нест

Барчасп