"Қаҳрамон" беҳтарин филми ҷашнвораи "Осло" шуд
Филми "Қаҳрамон" ба коргардонии Асғари Фарҳодӣ, филмсозу коргардони эронӣ, муваффақ ба касби ҷоизаи беҳтарин филм аз 31- умин ҷашнвораи филмҳое аз ҷануби Осло дар кишвар Норвегия шуд.
31-умин ҷашнвораи филмҳое аз ҷануби Осло феҳристи барандагони худро эълом кард ва филми "Қаҳрамон" муваффақ ба касби ҷоизаи “оинаи нуқра”-и беҳтарини филм аз ин рӯйдоди синамоӣ шуд.
"Қаҳрамон" ба ҳамроҳи филми "Қасидаи гови сафед", сохтаи муштараки Беҳтоши Саноъиҳо ва Марями Муқаддам, намояндагони синамои Эрон дар бахши мусобиқаи аслии ин рӯйдоди синамоӣ буданд.
"Ҷодаи хокӣ" ба коргардонии Паноҳи Паноҳӣ ва "Клузоп", сохтаи Аббоси Киёрустамӣ дигар филмҳои эронии ҳозир дар Ҷашнвораи филмҳое аз ҷануби Осло ҳастанд, ки аз таърихи 11 то 21 ноябр дар кишвари Норвегия баргузор мешавад.