Ноябр 29, 2021 10:29 Asia/Dushanbe
  • Боқирӣ: Бо иродаи ҷиддӣ барои лағви таҳримҳои ғайриқонунӣ вориди музокироти Вена шудем

Али Боқирии Канӣ музокиракунандаи аршади Эрон дар остонаи даври ҷадиди музокироти Вена гуфт, бо иродаи ҷиддӣ ва тадорукоти қавӣ барои лағви таҳримҳои ғайриқонунӣ ва золимона вориди гуфтугӯҳо шудаем.

Али Боқирии Канӣ якшанбе пас аз дидор бо райсони ҳайатҳои Чин ва Русия ва Энрике Мора, мовини дабири кулли сервиси иқдоми хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, раёсати комиссяи муштараки БарҶомро бар уҳда дорад дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо гуфт: Таркиби ҳайатҳои Ҷумҳурии Исломи Эрон нишондиҳандаи ин азму ҷидияти Ҷумҳурии Исломи Эрон барои бардоштани гомҳои ҷиддӣ дар заминаи лағви таҳримҳои ғайриқонунӣ ва золимонаи Амрико бар зидди миллати Эрон дорад.

Мовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ибрози умедворӣ кард, ки ин гуфтугӯҳо ба таври муассир барои тамини ҳадафи Ҷумҳурии Исломи Эрон дар заминаи лағви ин таҳримҳо нақш дошта бошад.

Боқирӣ дар хусуси мудати замони даври нави музокироти Вена баён дошт: Дар ин давра аз гуфтугӯҳо тамаркуз ва авлавияти асли бар мавзуъи лағви таҳримҳо хоҳад буд ва қоидатан давраи замонӣ барои ин давр аз гуфтугӯҳоро намешавад пешбинӣ кард.

Вай бо ин ҳол афзуд, ки дар ҷаласаи рузи душанбе чашмандози ояндаи ин давра аз гуфтугӯҳо мавриди баҳси ҳайатҳои мухталиф қарор хоҳад гирифт ва ба эҳтимоли зиёд чорчуб ва давраи замонии ин гуфтугӯҳо мушаххас хоҳад шуд.

Имрӯз душанбе даври нави нишастҳои комисяи муштараки БарҶом пас аз панҷ моҳ вақфа дар меҳмонхонаи Кобруг бо ҳузури дипламатҳои аршади гурӯҳи 4+1, Эрон ва намояндаи Иттиҳодияи Аврупо баргузор мешавад.

Музокиракунандагони аршади Эрон лағви тамоми таҳримҳои муртабит бо БарҶом аз ҷумла таҳримҳои эъмолшуда дар чорчуби корзори фишори ҳадиаксариро шарти лозим барои мувафақияти музокирот эълом карда аст.

Вай дар гутугӯ бо такид бар мавзеъи Эрон барои идомаи музокироти Вена ҳушдор дод, ки гутугӯҳо дар сурате, ки тамоми таҳримҳо лағв нашавад бо шикаст рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ба гуфтаи Али Боқирии Канӣ ҳар гуна пешрафт дар масири музокирот бояд бо лағви ҳамаи таҳримҳои Амрико ҳамроҳ бошад.

 

 

Бештар бихонед:

Барчасп