Имзои тавофуқи газӣ байни Эрон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Mon, 29 Nov 2021 07:22:16 GMT )
Ноябр 29, 2021 12:22 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқи газӣ байни Эрон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Тавофуқи сеҷонибаи газӣ дар ҳошияи иҷлоси кишварҳои узви ЭКО миёни Эрон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз бахши байналмиллали­и хабаргузории Садо ва Симо аз Ашқобод , имзои ин тавофуқ бо ҳузури вазири нафти Ҷумҳурии исломии Эрон ва вазири энержии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва пас аз дидори дуҷонибаи руасои ҷумҳӯри ду кишвар дар ҳошияи иҷлоси кишварҳои узви ЭКО анҷом шуд .
Дар ҳошияи понздаҳумини иҷлоси сарони кишварҳои узви ЭКО, Сайидиброҳими Раисӣ бо Илҳом Алиев-раиси ҷумҳӯри Озарбойҷон дидор карданд .
Раиси ҷумҳӯри Эрон пас аз дидори дуҷониба бо ҳамтои озарбойҷонӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо баёни инки як қарордоди газӣ байни Эрону Туркманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон имзо шуд, гуфт : Барои тавсеъаи равобити байни ду ё се кишвар бояд гомҳои бештаре бардошта шавад .
Вай афзуд : Иродаи ду кишвар низ бар ин аст, ки гомҳои бештаре барои равобиту муносиботи иқтисодӣ, тиҷорӣ, транзит бардошта шавад ва умедворем ин равобит тавсеъа пайдо кунад .



Бештар бихонед :