Музокироти Вена: Чолишҳо ва интизорот
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i77530-Музокироти_Вена_Чолишҳо_ва_интизорот
Вена - пойтахти Австрия имрӯз, душанбеи 29 ноябр мизбони музокироти Эрон ва гурӯҳи 4 +1 барои лағви таҳримҳои Амрикост.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Ноябр 29, 2021 15:49 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Вена: Чолишҳо ва интизорот

Вена - пойтахти Австрия имрӯз, душанбеи 29 ноябр мизбони музокироти Эрон ва гурӯҳи 4 +1 барои лағви таҳримҳои Амрикост.

Алии Боқирӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон барои баргузории ин музокирот дар садри ҳайате аз коршиносони ҳуқуқӣ, бонкӣ ва энержӣ рӯзи шанбе вориди Вена шуд.

Вай дар ду рӯзи гузашта бо ҳайатҳои Русия ва Чин ва ҳамчунин Энрике Мора, муовини дабири кулли Хадамоти иқдоми хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ки раёсати нишасти Комиссияи муштараки БарҶомро бар уҳда дорад, ҷаласоти ду ва чандҷонибаеро баргузор кардааст.

Теҳрон барои расидан ба як тавофуқи хуб ҷиддӣ аст, аммо рафтори мутаноқизи Амрико ҳамчунон яке аз чолишҳои ҷиддӣ дар масири аҳдофи музокирот аст. Давлати Байден бо вуҷуди он ки аз тамоюл ба бозгашт ба БарҶом сухан мегӯяд, бо адабиёти таҳдидомез ба дунболи ташдиди фишорҳои сиёсӣ бар Эрон аст.

Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин давр аз музокирот аммо ба дунболи итлофи вақт ва натиҷаи ҳаддиақалӣ аз музокироти ҳаддиаксарӣ нест. Бо таҷрибае, ки акнун аз мавзеи нопойдори Амрико вуҷуд дорад, Эрон бар ростиозмоӣ ва гирифтани тазмин аз тарафҳои бадаҳди БарҶом таъкид дорад.

Аз ин рӯ, расидан ба натиҷаи қобили қабул дар музокироти Вена ба масоили зиёде бастагӣ дорад.

Ричард Бенсл, устоди улуми сиёсии донишгоҳи Карнел дар хусуси раванди эҳёи БарҶом ба ин нукта ишора мекунад, ки яке аз чолишҳое, ки пойдории ҳар гуна тавофуқ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Эронро душвор месозад, ихтилофоти дохилӣ дар Амрикост, ки тасмимсозии қобили тазмин аз сӯи давлати Байденро сахт ва шикананда мекунад.

Таҷриба нишон додааст, ҳар навъ эъмоли фишор бар Эрон бо ҳадафи во доштани Эрон ба эҳёи комили тааҳҳудот дар БарҶом бидуни тазмини манофеи Эрон дар ин тавофуқ ба натиҷа нахоҳад расид. Ҳазфи комил, тазминшуда ва қобили ростиозмоии таҳримҳои Амрико ва осонсозии ҳуқуқи миллати Эрон барои баҳрамандӣ аз дониши ҳастаӣ аз аҳдофи Ҷумҳурии исломии Эрон дар музокироти Вена аст.

Аз ин дидгоҳ дар таҳлили раванди музокироти Вена ду нукта қобили тавваҷуҳ ба назар мерасад: Нахуст он ки Ҷумҳурии исломии Эрон бар асоси ҳуқуқи машрӯи худ дар чорчӯби БарҶом дар музокироти Вена ҳузур дорад ва мутолибаи Эрон лағви комили ҳамаи таҳримҳо бо қобилияти ростиозмоӣ аст.

Нуктаи дувум, тафовути дидгоҳҳои тарафайн дар музокирот аст. Ин тафовут метавонад бар раванди матлуби музокирот таъсири манфӣ дошта бошад ва ҳатто ба шикасти музокирот мунҷар шавад.

Алии Боқирӣ, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар мақолае ки дар рӯзномаи англисии "Файнешнел Таймс" чоп шуд, бо таъкид бар лузуми пойбандии тамомии тарафҳои музокиракунанда ба мавзуи БарҶом тасреҳ кард: Кишварҳои ғарбӣ, ба вижа Амрико талош мекунанд то "музокирот" -ро сирфан ба унвони фароянде барои маҳдуд кардани барномаи машруъ ва сулҳомези энержии ҳастаии Эрон нишон диҳанд, ки дар муоҳидоти байналмилалӣ гунҷонда шавад ва таҳти назорати созмонҳои назоратӣ ва нозир бошад, аммо аз назари Эрон музокирот бояд аҳдофи воқеиро дунбол кунад ва тамоми тарафҳо онро риоят кунанд.

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин тасреҳ кард: Эрон дар айни ҳол ки омодагӣ дорад дар қиболи ҳар гуна жести хайрхоҳонаи тарафҳои БарҶом ҳамкорӣ кардаву иқдоми мутақобил анҷом диҳад, омодааст то посухи мутаносибе ба ҳар гуна фишорҳои ҷомеаи байналмилали зидди ҷумҳурии исломӣ бидиҳад.

Интизори анҷоми тааҳҳудот ба сурати яктарафа аз сӯи Эрон дар БарҶом бидуни анҷоми тааҳҳудоти тарафи муқобил, ғайримантиқӣ аст. Исрор бар хостаҳои ғайримантиқӣ дар музокироти Вена қатъан таъсире бар тасмими Эрон дар дифоъ аз манофеъ ва ҳуқуқи қонуниаш нахоҳад дошт. Акнун бояд дид, бо тавваҷуҳ ба чолишҳо ва интизорот дар ин масир, музокироти Вена чӣ андоза метавонад ба тасмимоти сиёсӣ бо қобилияти иҷроӣ барои лағви комили таҳримҳо боис шавад.

 

Бештар бихонед: