Равончӣ: Ҳимояти Амрико аз Исроил монеи таҳаққуқи минтақаи орӣ аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ аст
(last modified 2021-11-30T08:07:00+00:00 )
Ноябр 30, 2021 13:07 Asia/Dushanbe
  • Равончӣ: Ҳимояти Амрико аз Исроил монеи таҳаққуқи минтақаи орӣ аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ аст

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошт: Ҳимояту чашмпӯшии Амрико нисбат ба барномаи ҳастаии Исроил монеи таҳаққуқи минтақаи орӣ аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар Ғарби Осиё аст.

Ба гузориши ИРНА, Маҷиди Тахти Равончӣ, сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ дар дуюмин нишасти конфронси Ғарби Осиё орӣ аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ дидгоҳҳову назароти Ҷумҳурии исломии Эронро ташреҳ кард.

Волотарин дипломати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милал тасреҳ кард, ки баргузории муваффақи конфронс албатта, матлуби бархе нест ва дар ҳоле ки ҳамаи даъватшудагон аз минтақа ва чаҳор қудрати ҳастаӣ дар конфронс ширкат мекунанд, Амрико ва Исроил ҳамчунон бо он мухолифат карда ва дар нишастҳои конфронс ширкат намекунанд.

Равончӣ афзуд: Дар чунин шароите, аввалин роҳи рафъи ин мавонеъ пайвастани режими Исроил ба Эн Пи Ти ба унвони узви ғайриҳастаӣ ва қабули бозрасиҳои ожонс бар тамоми фаъолиятҳои ҳастаии он аст.

Сафиру намояндаи доими Эрон дар СММ идома дод, бо тавваҷуҳ ба вазъияти хоси Ғарби Осиё, музокира барои бастани муоҳидаи мавриди назар бисёр замонбар хоҳад буд ва дар ин фароянд боястӣ ҳар гуна пешшарт канор гузошта шуда ва бо иҷмоъ корҳоро пеш барад.

Нишасти конфронси Ғарби Осиё орӣ аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ дуюмин нишасти солонаи конфронсе аст, ки ҳар сол ба муддати як ҳафта баргузор мешавад ва ҳадафи он бастани муоҳидае барои эҷоди Ғарби Осиё орӣ аз силоҳҳои куштор ҷамъӣ аст. Дар нишасти соли ҷорӣ кишварҳои ширкаткунанда дар мавриди роҳҳои расидан ба ин ҳадаф ба табодули назар хоҳанд пардохт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп