Ҷузиёти ҷадид аз парвандаи терори шаҳид Сулаймонӣ
Муовини ҳуқуқии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҷузиёти нав аз парвандаи терори шаҳид Сулаймониро ташреҳ кард.
Сардор Суҳроб Алии Шамхонӣ муовини ҳуқуқии Сипоҳи посдорон дар гуфтугӯ бо хабаргузори Меҳр ҷузиёти нав аз парвандаи террори шаҳид Сулаймониро ташреҳ карду гуфт: Сардор Сулаймонӣ узви Сипоҳ буд ва аз сӯи ин маҷмуъа шикояте танзим ва тақдими мароҷеъи қазоӣ шуд, ба гуфтаи Шамхонӣ ин парванда бо талоши ҳамкорон бо итилоъоти ҷомеъ ва комил таҳия шуда аст ва 50 нафар мутаҳам дорад, ки аз ҷумлаи онҳо Доналд Трамп раиси Ҷумҳурии пешини Амрико аст..
Муовини ҳуқуқии Сипоҳи посдорон афзуд: Ҳамаи мутаҳамони ин парванда амрикоӣ ҳастанд: албатта касони дигар ҳам аз Британя дар ин гуруҳ қарор мегиранд.
Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилобӣ исломӣ севуми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавопаймои неруҳои мутаҷовиз ва терористи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис ноиб раиси басиҷи мардумии ин кишвар (Алҳашдул Алшаъби) ва 8 нафари дигар ба шаҳодат расид.
Бештар бихонед: