Декабр 13, 2021 16:36 Asia/Dushanbe
  • Вазнабардори эронӣ нойиб-қаҳрамони ҷаҳон шуд

Миллипӯши дастаи 81 килограми Эрон дар рақобатҳои вазнабардории қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканди Узбекистон бо 2 медали нуқра ва як бринҷӣ бар саккӯи нойиб-қаҳрамонӣ истод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мустафо Ҷаводӣ-намояндаи Эрон бо вазнабардороне аз кишварҳои Русия, Булғористон, Арманистон,Кулумбия, Узбекистон, Туркманистон, Миср ва Кореяи ҷанубӣ ба рақобат пардохт .
Ҷаводӣ, ки дар ҳаракати як зарби дастаи 81 килограм бо маҳори вазнаи 163 килограмӣ муваффақ ба касби медали бронза шуда буд, дар ҳаракати аввали дузарби худ муваффақ ба маҳори вазнаи 193 килограм шуд .
Ҷаводӣ дар талоши дувуми худ дархости вазнаи 198 килограмиро дод ва барои маҳори он мушкиле надошт .
Кадри фаннӣ барои ҳаракати сеюм Ҷаводӣ вазнаи 204 килограмиро дархост дод, ки миллипӯши дастаи 81 килограми Эрон дар маҳори он низ муваффақ буд .
Вай бо маҳори ин вазна дар ҷойгоҳи дувуми ҳаракати дузарби дастаи 81 килограм қарор гирифт .
Ҷаводӣ бо маҳори вазнаи 204 дар дузарб ба рекорди маҷмӯи 367 килограм даст ёфт ва барои нахустин бор Эронро дар ин вазн соҳиби медали нуқраи бузургсолони ҷаҳон кард .
Мусобиқоти вазнабардории қаҳрамонии ҷаҳони 2021 ба мизбонии Тошканди Узбекистон дар ҳоли баргузорӣ аст.

 

Барчасп