Посухи Хатибзода ба мавзеъгирии мудохилаҷӯёнаи Британия дар мавриди тавонмандии Эрон
(last modified Sat, 25 Dec 2021 07:09:51 GMT )
Декабр 25, 2021 12:09 Asia/Dushanbe
  • Посухи Хатибзода ба мавзеъгирии мудохилаҷӯёнаи Британия дар мавриди тавонмандии Эрон

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханоне нисбат ба мавзеъгирии мудохилаҷӯёнаи вазири умури хориҷаи Британия дар бораи тавонмандии дифоии Эрон вокуниш нишон дод.

Ба гузориши ИРНА, Саиди Хатибзода шомгоҳи ҷумъа зимни радди мавзеъгирии мудохилаҷӯёнаи вазорати умури хориҷаи Британия дар мавриди тавонмандии дифоии Эрон изҳор кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчӯби қавонину муқаррароти байналмилалӣ ва мутобиқи ниёзҳои дифоии худ амал мекунад.

Вай таъкид кард, барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба гувоҳи ҳазорон соат бозрасӣ ва гузоришҳои мутааддиди Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, тамоман сулҳомез буда ва Эрон ҳеҷ барномае барои масорифи низомии энержии ҳастаӣ надошта ва надорад, ки бихоҳад барномаи мушакии худро барои он тарроҳӣ кунад.

Хатибзода бо маҳкум кардани талоши мақомоти Британия барои илқои таҳдиди Эрон дар минтақа гуфт: Ончӣ ба бесуботӣ ва ноамнӣ дар минтақа доман зада ва аз ҷумла фоҷеъаи инсонӣ дар Яманро бавуҷуд оварда, иштиҳои серинопазири Британия ва соири кишварҳои аврупоӣ ба фуруши таслеҳоти пешрафта ба бархе кишварҳои минтақа, онҳам бо огоҳии комил аз нақзи ҳуқуқи байналмилал бавижа ҳуқуқи башардустона дар корбурди ин таслеҳот аст.

Хатибзода дар поён таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон барои барномаи дифоии худ на аз касе иҷоза мегирад ва на дар мавриди он музокира мекунад.

Вазорати умури хориҷаи Британия бо мавзеъгирии мудохилаҷӯёна дар мавриди тавонмандии дифоии Эрон зимни интишори баёнияе асабонияти худро аз иқтидори мушакии Эрон ва партоби мушакҳои болистик дар размоиши Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ иброз кард ва хостори таваққуфи он шуд.

Размоиши Паёмбари аъзам (с) 17 аз рӯзи душанбе ба муддати панҷ рӯз дар савоҳили Халиҷи Форс, Тангаи Ҳурмуз ва минтақаи умумии устонҳои Ҳурмузгон, Бушеҳр ва Хузистон бо ҳузури ягонҳое аз нерӯҳои заминӣ, дарёӣ ва ҳаво-фазои сипоҳ ҳамчунин бархе ягонҳои мардумнпояи басиҷи мустазъафини Эрон баргузор шуд.

Дар ин размоиш мушакҳои “Имод”, “Қадр”, “Сиҷҷил”, “Зилзол”, "Дизфул" ва “Зулфиқор” мавозеъи ҳассоси шабеҳсозишудаи душманро бо диққати 100 дарсадӣ мавриди исобат қарор дода ва мунҳадим карданд.

Бештар бихонед: