Декабр 26, 2021 10:50 Asia/Dushanbe
  • Муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Эрон : Шаҳодати сардор Сулаймонӣ муҷиби ваҳдати дунёи Ислом муқобили истикбори ҷаҳонӣ шуд

Муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Эрон : Шаҳодати сардор Сулаймонӣ муҷиби ваҳдати дунёи Ислом муқобили истикбори ҷаҳонӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дарёдор Ҳабибуллоҳи Сайёрӣ афзуд : Истикбори ҷаҳонӣ ба саркардагии Амрикои ҷаҳонхор ва саҳюнизми байналмиллал, ки захмхурдаи ҷабҳаи муқовимат буданд,бо тарроҳии нақшаи шуму ноҷавонмардонаи террори сардор Сулаймонӣ барои маҳдуд кардани умқи роҳбурдӣ ва нуфӯзи минтақаии ҷабҳаи муқовимат даст ба кор шуданд ва бо буздилонатарин шакли мумкин фармондеҳи рашиди ҷабҳаи муқовиматро ба шаҳодат расонданд .
Дарёдор Сайёрӣ тасреҳ кард : Ин иқдоми разилона, мазбӯҳона ва ба дур аз муносиботи дипломатӣ на танҳо ҷабҳаи муқовиматро тазъиф накард, балки размандагону фармондеҳони ин ҷабҳаро бо ангезаи музоъаф дар паии интиқоми хуни сардори шаҳид мусаммамтар кард, то муқтадиронатар аз гузашта хати сурхи шаҳодатро идома диҳанду хобро бар чашмони душманони курдили башарият ҳаром кунанд . Муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд : Ҷабҳаи муқовимат ба баракати хуни сипаҳбади шаҳид Сулаймонӣ ва дигар шуҳадои муқовимати исломӣ бо салобат ҳарчӣ тамомтару иқтидори ҳарчӣ бештар муқобили султаталабии истикбори ҷаҳонӣ дар минтақа зоҳир шуда ва иҷоза надодааст то хуни шуҳадои муқовимату масири нӯронии онҳо бо найрангҳои душмани дасисагар ، аз байн баравад .

 

Барчасп