Густариши ҳамкориҳои Эрон ва Англия дар бахши энержӣ
Вазири нерӯи Эрон дар дидор бо шуморе аз масъулони давлатии Англия, соҳибони шуғл ва мудирони ширкатҳои бузурги ин кишвар дар бораи шароити сармоягузорӣ ва роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар бахши энержӣ ва об табодули назар кард.
Ҳамиди Читчиён, вазири нерӯи Эрон барои гуфтугӯ дар бораи роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши обу энержӣ, дар садри ҳайате ба Англия сафар кардааст.
Табодули таҷрибаҳо, ба вижа дар бораи раванди хусусисозии ширкатҳои фаъол дар бахши обу барқ ва табодули назар бо масъулони хусусисозӣ ва ширкатҳои хусусии фаъол дар ин бахш, аз барномаҳои сафари вазири нерӯи Эрон ба Англия эълом шудааст.
Вазири нерӯи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар мизи гирде дар андешакадаи "Хонаи Осиё" дар Лондон, бо ташреҳи зарфиятҳои иқтисодии Эрон, ба вижа дар бахшҳои энерживу об гуфт: "Ҷумҳурии исломии Эрон дар пазириши сармоягузории хориҷӣ дар ин бахшҳо омодааст".
Читчиён бо баёни ин ки Эрон акнун рутбаи 18 иқтисоди ҷаҳониро дорад, тасреҳ кард: "Эрон аз зерсохтҳои мустаҳкаме дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ бархурдор аст".
Вазири нерӯи Эрон бо таъкид бар ин ки Эрон дорои зарфиятҳои фаровоне дар заминаҳои мухталифи иқтисодӣ барои сармоягузорӣ аст, афзуд:"Эрон аз назари омӯзиш ва тарбияти муҳандис, ҷойгоҳи панҷумро дорад".
Ҳамчунин дар маросиме бо ҳузури вазири нерӯ, кордори Ҷумҳурии исломии Эрон ва шуморе аз мақомоти англис дар Лондон ёддошти тафоҳуми таъмини молии тарҳҳои Вазорати нерӯи Эрон дар ҳавзаи обу энержӣ, тавассути намояндагони ин вазоратхона ва муассисаи Сандуқи замонати содироти Англия ба имзо расид.
Вазири нерӯи Эрон пас аз имзои ёддошти тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Англия, бо ишора ба ҷойгоҳи муассисаи Сандуқи замонати содироти Англия гуфт: "Ҳар гуна тарҳе ки ниёзманди таъмини молӣ ва ё сармоягузорӣ бошад, ниёзманди бима шудан тавассути ин муассиса аст".
Читчиён афзуд: "Бо иҷро шудани БАРҶОМ фазои ҷадиде барои ҳамкорӣ байни Эрон ва сойири кишварҳо фароҳам шудааст".
Вазири нерӯи Эрон гуфт: "Эрон кишваре бо зарфиятҳои фаровон аст ва фурсати хебе аст ки ширкатҳои мухталиф дар заминаҳои мутанаввеъ битавонанд дар он фаъолият кунанд".
Эрон аз назари эҳдоси сад барои истеҳсоли об низ ҷузви се кишвари пешрави ҷаҳон аст ва бо вуҷуди шароити хоси манобеи обии он ва хушксолиҳои тӯлонии гузашта, тавонистааст манобеи обии худро дар бахшҳои шурб, кишоварзӣ ва санъатӣ ба хубӣ мудирият кунад.
Эрон аз назари санъати барқ ҷойгоҳи қобили таваҷҷуҳеро ба даст овардааст ва бо вуҷуди ин ниёзманди сармоягузории бузурге дар санъати барқ аст ва дар даҳ соли оянда байни 47 то 50 ҳазор мегават нерӯгоҳи барқ бояд эҳдос мекунад, ки 7 ҳазор мегавати он нерӯгоҳҳои таҷдидшаванда ҳастанд, ки шомили мавориде чун турбинҳои бод, замингармоӣ аст.
Эрон бозори бузурге аст ва аз ин ҷиҳат ширкатҳои англисӣ ва муассисоти муртабит бо онҳо чун муассисоти бима ва бонкҳо қодир хоҳанд буд ҳузури муассир дар ин бозор дошта бошанд.