Гиромидошти дуюмин солгарди шуҳадои муқовимат дар Теҳрон
Маросими гиромидошти дуюмин солгарди шуҳадои муқовимат ва бузургдошти явмуллоҳи 9 дай дар мусаллои остони муқаддаси ҳазрати Абдулазим Ҳасанӣ (а), дар шаҳри Райи устони Теҳрон баргузор шуд.
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар маросими гиромидошти явмуллоҳи 9 дай - рӯзи басират ва мисоқи уммат бо вилоят, дуюмин солгарди гиромидошти шаҳодати сипаҳбуд Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳди Алмуҳандис ва ёдвораи шуҳадои мудофеи ҳарами устони Теҳрон гуфт, набуди шаҳид Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ дар ин айём, ба вижа дар ҷабҳаи муқовимат маҳсус аст.
Қолибоф бо баёни ин ки Ғарб бар хилофи ҳуқуқи башаре, ки аз он дам мезанад, ҷинояти террори сардор шаҳид Ҳоҷи Қосими Сулаймониро рақам зад, гуфт: Амрико бо ин ният сардор Сулаймониро ба шаҳодат расонд, ки ба аҳдофи худ бирасад, аммо бо шаҳодати Ҳоҷи Қосим ихроҷи Амрико аз минтақа иттифоқ хоҳад афтод.
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо баёни ин ки 9 дай рӯзи басират ва огоҳӣ аст ва мардум дар ин мақтаи бисёр ҳассос нишон доданд, ки бар боварҳои худ истодаанд, гуфт: Имрӯз рӯзи 9 дай ёдовари рашодатҳову далериҳост.
Нуҳуми дайи соли 1388 (30 декабри 2009) ёдовари роҳпаймоии миллионии мардуми Эрон дар эъломи бароат аз сохторшиканони ҷомеа ва посухе қотеъ ба аносири фитнагаре буд, ки ба баҳонаи тақаллуб дар даҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Эрон, масири бероҳаро дар пеш гирифта буданд.