Барномаи маросими азодории Фотимия дар ҳузури Раҳбари инқилоби исломӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i79134-Барномаи_маросими_азодории_Фотимия_дар_ҳузури_Раҳбари_инқилоби_исломӣ
Дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ эълом кард: Маросими азодории айёми Фотимия дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бидуни ҳузури ҷамъият баргузор мешавад .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 02, 2022 12:50 Asia/Dushanbe
  • Барномаи маросими азодории Фотимия дар ҳузури Раҳбари инқилоби исломӣ

Дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ эълом кард: Маросими азодории айёми Фотимия дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) бидуни ҳузури ҷамъият баргузор мешавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар иттилоъияи дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ омадааст : Зимни арзи таслият ба муносибати фаро расидани айёми шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо ба иттилоъ мерасонад маросими азодорӣ дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) имсол низ ба иллати тадовуми шуюъи беморӣ ва лузӯми риояти комили шеваномаҳои беҳдоштӣ, бидуни ҳузури ҷамъият ва танҳо бо ҳузури як суханрон ва як маддоҳ аз душанбе ( сеюм январ ) то ҷумъа ( ҳафтуми январ ) пас аз намози мағрибу ишо баргузор мешавад. Машрӯҳи барномаҳои азодорӣ дар ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳар шаб аз шабакаи яки симо ва дигар шабакаҳои телевизиюнӣ пахш хоҳад шуд . Панҷшанбе шашуми январи 2022 ، сеюми ҷимодиссонии 1443 ҳиҷрии қамарӣ солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро ( с )-духтари гиромии Паёмбари акрам ҳазрати Муҳаммад ( с ) ва ҳамсари амири муъминон Алӣ бин Абитолиб ( ъ )аст .